Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Иттиҳодияи Аврупо-Русия шурӯъ мешавад


Қарор аст, имрӯз нишасти Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Брюссел оғоз шавад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Хосе Мануэл Барросо, раиси Кумиссиёни Аврупо дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт. Мақомоти баландпояи Русия ва Иттиҳодияи Аврупо дар ҳоле гирди ҳам меоянд, ки таниш миёни ду тараф дар масъалаи Украина боло гирифтааст. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина, зоҳиран зери фишори Русия моҳи ноябр аз имзои аҳдномаи ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид. Умдатан нишасти сарони Русия ва Иттиҳодияи Аврупо ду рӯз сурат идома мекард, аммо ба гуфтаи сухангӯи кумиссиён “бо назардошти таҳаввулоти ахир” вақти он тағйир ёфтааст. Қарор аст, дар ҳошияи ин нишаст Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бо Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG