Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз Кобул хост, зиндониёнро озод накунад


Иёлоти Муттаҳида ба ҳукумати Афғонистон ҳушдор додааст, ки даҳҳо зиндониро, ки хатарнок мешуморад, озод накунад. Стив Воррен, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, ҳукумати Афғонистон ба Раёсати Бознигарии Ҳукмҳо амр додааст, ки 37 зиндониро аз маҳбасҳои кишвар раҳо кунад. Ба гуфтаи ӯ, ин афрод бисёр хатарноканд ва бояд муҳокима шаванд. Ба қавли Стив Воррен, баъзе аз ин тундравон дар анҷоми ҳамлаҳо ва ё сохтани бомбҳои худсохт даст доранд. Ӯ афзуд, ки теъдоди дигаре аз ин зиндониён ба ҳамла ба сарбозони хориҷиву дохилӣ муттаҳам мешаванд. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО низ гуфтааст, ки аз ин тасмими ҳукумати Афғонистон нигарон аст. Сарнавишти ин муттаҳамон, як масъалаи дигари баҳсбарангез дар равобити миёни ҳукумати Амрикову Афғонистон аст. Ҳукумати Барак Обама аз Ҳомиди Карзай мехоҳад, ҳарчӣ зудтар паймонеро имзо кунад, ки ба теъдоде аз нерӯҳои Амрико иҷоза медиҳад, пас аз соли 2014 дар ин кишвар бимонанд.
XS
SM
MD
LG