Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли 622 ҷасади муҳоҷирон тариқи ширкати "Тоҷикэйр"


Масъулони ширкати "Тоҷикэйр" мегӯянд, дар соли 2013 тариқи ҳавопаймоҳои ин ширкат аз Русия 622 ҷасади шаҳрвандон оварда шудааст.

Ба гуфтаи Фирӯз Ҳамроев, раиси ширкати "Тоҷикэйр" интиқоли ҷасадҳо тариқи ин ширкат ба таври ройгон сурат гирифтааст.

Ҳамчунин ба иттилои масъулони ширкати "Тоҷикэйр" дар соли 2013 тариқи ҳавопаймоҳои ин ширкат беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Русия депорт шуданд ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Ба гуфтаи масъулон онҳо шаҳрвандоне ҳастанд, ки аз Душанбе парвоз карда ва дар фурудгоҳҳои Русия аз ҷониби мақомоти он кишвар бозпас гардонида шудаанд.
XS
SM
MD
LG