Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳбарияти Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта аз ҳама зиёд Вазорати энергетика ва корхонаҳои тобеи он, аз ҷумла ширкати "Барқи тоҷик" аз андоз қарздор шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони кумитаи андоз дар соли 2013 қарзи ширкати "Барқи тоҷик" 143 миллион сомонӣ зиёд шуда, дар умум ба 398 миллион сомонӣ расидааст.

Нусратулло Давлатов, раиси кумитаи андоз рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ зикар кард, ки дар кишвар дар соли гузашта нақшаи 3 намуди андоз: андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фурӯш ва андози иҷтимоӣ аз рӯи нақша иҷро нашудааст.

Сабаби 90 дарсади иҷро нашудани ин 3 намуди андозро роҳбарияти кумита гуфтанд, ки ба сохторҳои Вазорати энергетика дахл дорад. Хусусан корхонаҳое, ки ба ин вазорат тобеъ буданд, аз ҷумла ширкати "Барқи тоҷик" нақшаи андозсупориашон иҷро нашудааст.

Сабаби дигари коҳиш ёфтани маблағи андозсупориро роҳбарияти кумитаи андоз дар паст шудани нархи алюминиум ва пахта дар бозори ҷаҳонӣ донистанд, ки бинобар ин андозҳое, ки ширкати алюмини "ТАЛКО" пардохт мекард, ба кумитаи андоз коҳиш ёфтааст.

Дар мавриди ширкати "Барки тоҷик" Нусратулло Давлатов зикр кард, ки «аз як сӯ қарздории ширкати Барқи тоҷик, ин напардохтани пули барқ бошад, аз сӯи дигар ин мушкил ба идоракунии ширкат вобастагӣ дорад.» Давлатов афзуд, чанд рӯз қабл мушкилоти ширкати «Барқи тоҷик» дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд ва вай изҳори умедворӣ кард, ки бо таъин шудани роҳбари нави ширкати "Барқи тоҷик" ин мушкилот ҳалли худро меёбад.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG