Пайвандҳои дастрасӣ

Дастури кушторро Роҳат Алиев содир кардааст


Марде, ки барои созмондиҳии куштори Алтинбек Сарсенбай уғлу-яке аз мухолифони сиёсии Қазоқистон ва ду нафари дигар аз ҳамроҳони вай муттаҳам мешавад, гуфтааст, ки вай дар ин куштор фармони Роҳат Алиев-домоди вақти Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури ин кишварро иҷро кардааст.

Ин марди муттаҳамшуда Рустам Иброҳимов ном дорад ва ин кушторро дар соли 2006 анҷом дода буданд. Иброҳимов барои ҳабси абад маҳкум шудааст ва рӯзи душанбе дар бозпурсии такрорӣ изҳор дошт, ки ҳоло мехоҳад ҳақиқатро бигӯяд, зеро худро шарманда эҳсос мекунад ва одами дигар барои ин куштор зиндонӣ шудааст.

Эржан Отембаев-раҳбари пешини дафтари порламони Қазоқистон барои ин куштор соли 2006 муттаҳам шинохта шуда буд ва гуфтанд, ки вай дастури ин кушторро содир кардааст. Барои ҳамин вайро ба 20 соли зиндон маҳкум карданд. Вале моҳи ҷорӣ мурофиаи такрории Отембаев оғоз шуд ва бозпурсиҳо нишон медиҳад, ки ин дастурро Роҳат Алиев содир кардааст.
XS
SM
MD
LG