Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайати варзишии Тоҷикистон барои ширкат дар Олимпиадаи зимистона субҳи сешанбе, 28-уми январ, ба Сочи сафар мекунад.

Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ аз 7-ум то 23-юми феврал дар Сочии Русия баргузор мешаванд. Ба барномаи Олимпиадаи зимистона 7 намуди варзиш – биатлон, бобслей, кёрлинг, хоккей, чанаронӣ, конкитозӣ ва лижаронӣ дохиланд.


Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар ин рӯйдоди бузургтарини варзишии соли 2014 намояндагони Тоҷикистон танҳо дар як намуд - лижаронии кӯҳӣ ширкат хоҳанд кард. Ба ҳайати варзишии кишвар ду варзишгар - Андрей Дригин бо мураббиаш ва Алишер Қудратов бо мураббиаш Ибодулло Қурбонов, раиси Федератсияи намудҳои варзиши зимистонаи Тоҷикистон, инчунин, банда ва Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки раҳбари гурӯҳ мебошад, дохиланд. Лижарони пуртаҷриба Андрей Дригин дар навъҳои слалом-гигант ва слалом имтиёзҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи иҷро кардааст. Варзишгари дигари мо Алишер Қудратов бошад, дар навъи слалом меъёрҳои муқарраршударо ба ҷо овардааст. Бояд гуфт, ки тасмими додани роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба ин ду варзишгари Тоҷикистон рӯзи 29-уми январ дар ҷаласае, ки бо намояндагони се ҷониб - Федератсияи байналмилалии лижаронӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барпо мегардад, гирифта мешавад. Мо мехоҳем, ки ҳарду роҳхат бигиранд, яъне Дригин дар навъи слалом-гигант ва Қудратов дар навъи слалом. Агар танҳо ба як нафар роҳхат дода шавад, мо Алишер Қудратовро пешбарӣ мекунем ва ӯ, инчунин, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон мешавад. ”

Бояд тазаккур дод, Андрей Дригин танҳо варзишгарест, ки Тоҷикистонро се бор дар Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2002 дар Солт-Лейк-Ситии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, соли 2006 дар Турини Италия ва соли 2010 дар Ванкувери Канада дар навъҳои мухталифи мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ кардааст.

Алишер Қудратов бошад, соли 2010 дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок дошт, вале дар мусобиқот ширкат наварзидааст.

Алишер Қудратов 11-уми январи соли 1986 дар ноҳияи Варзоби Тоҷикистон ба дунё омадааст. Вай аз солҳои бачагӣ дар зодгоҳаш– Сафеддара , ки дар ин ҷо аз замони шӯравӣ урдугоҳи лижаронӣ мавҷуд аст, тамрин мекунад. Ӯ дар тӯли як моҳи ахир дар чор мусобиқаи интихобии олимпӣ дар Эрон ва дар ду мусобиқаи интихобӣ дар Туркия иштирок карда, меъёрҳои муқарраршударо дар лижаронии кӯҳӣ дар навъи слалом барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи-2014 иҷро кардааст.

Алишер соли 2011 дар Бозиҳои 7-уми зимистонаи осиёӣ дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона дар сабқати лижаронии кӯҳӣ дар навъи супер-гигант дар байни 24 нафар ҷойи 11-ум ва дар навъи Super Combined Slalom ҷойи 15-умро гирифта буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG