Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии дувуми санҷишӣ бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард.

Ин бозӣ рӯзи 26-уми январ дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар доираи омодагии қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон – «Равшан» ба бозии плей-оффи Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё)-2014 бо тими «Ал Ярмук », қаҳрамони секаратаи Яман, ки рӯзи 2-юми феврал дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад, барпо гардид.

Голи ягонаро ҳамлагар Давронҷон Тухтасунов дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонд.

Ҷовидон Бобоев, сухангӯи бошгоҳи футболи “Равшан”, ба радиои Озодӣ гуфт, “се легионери африқоии даста аз Гана - Соломон Течи, Мӯсо Содиқ ва Аккуфо Гершон, ки дар таътил буданд, рӯзи 31-уми январ ба Тоҷикистон бармегарданд ва дар ҷамъомади таълимиву тамринии “Равшан”, ки дар шаҳри Турсунзода ҷараён дорад, ширкат меварзанд.”

Ёдовар мешавем, ки дастаи «Равшан» дар бозии аввали санҷишӣ дар шаҳри Душанбе бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 4-0 ғалаба карда буд.

Бозии охирини санҷишии дастаи “Равшан” рӯзи 28-уми январ бо тими «Энергетик»-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 15:00 шурӯъ мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG