Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул 37 зиндониро раҳо мекунад, Амрико розӣ нест


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, онҳо тасмим гирифтаанд, ки 37 нафар зиндониёнро раҳо кунанд. Онҳоро барои ҳамлаҳои маргбор ба низомиёни хориҷиву дохилӣ муттаҳам мекарданд. Абдулшукур Додрас-узви ҳайати ҳукуматӣ, ки ба парвандаи зиндониёни зиндони Парвон расидагӣ мекунад, рӯзи душанбе гуфт, ки 37 нафар зиндонӣ раҳо хоҳанд шуд, зеро иттиҳоми онҳо исбот нашудааст.

Низомиёни Амрико дар Афғонистон аз ин тасмим интиқод кардаанд ва мегӯянд, “шӯришиёни хатарнокро, ки дасташон ба хун олуда аст”, аз зиндон раҳо мекунанд.

Ба гуфтаи Додрас, ин 37 нафар дар давоми ду ҳафтаи оянда раҳо хоҳанд шуд, дар сурате, ки 51 нафари дигар ҳамчунон дар зиндон хоҳанд монд. Раҳоии ин зиндониён бештар муносиботи миёни Кобул ва Вашингтонро сард хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG