Пайвандҳои дастрасӣ

Фаъоли солманди ҳуқуқи башари Узбакистон раҳо шуд


Исҳоқ Абдуллоеви 78 сола ва фаъоли ҳуқуқи башар, ки барои интиқоди ошкори худ аз Ислом Каримов ном бароварда буд, баъд аз 8,5 ним соли ҳабс аз зиндон раҳо шуд. Вай соли 2005 барои иттиҳомоти гуногун, аз ҷумла пардохт накардани молиёт, ришвахорӣ ва одамрубоӣ 11 сол маҳкум ба зиндон шуд.

Номи Абдуллоев замоне машҳур шуд, ки вай ҳангоми боздошт ба сӯи корманди пулис аслиҳа ба даст гирифт. Хешовандони Абдуллоев мегуфтанд, ки боздошти вай ангезаи сиёсӣ дорад. Онҳо ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки Абдуллоев рӯзи шанбе дар чаҳорчӯбаи афви эълоншуда ба муносибати 21 солагии Қонуни Асосӣ аз зиндон баромадааст.

Бино ба муқаррароти ин афв ононе, ки бештар аз 60 сол доранд, бояд аз зиндон раҳо шаванд ва ё мӯҳлати ҳабси онҳо камтар шавад.
XS
SM
MD
LG