Пайвандҳои дастрасӣ

Паҳлавони тоҷик - барандаи медали биринҷии Ҷоми ҷаҳонии самбо


Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар давраи Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин мусобиқа, ки аввалин давраи Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, рӯзҳои 25-ум ва 26-уми январ дар шаҳри Алматии Қазоқистон дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ бо ширкати беш аз 350 гуштигир (мардону занон) аз 17 кишвари ҷаҳон - Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Руминия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина баргузор шуд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, муовини аввали раиси Иттиҳодияи самбои Осиё ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, «Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 14 гуштигир дар намуди самбои варзишӣ байни мардон таҳти раҳбарии мураббӣ Фарҳод Раҳматуллоев намояндагӣ карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар инҳо дохил буданд: Сӯҳроб Муъминов, Ардашер Исроилов ( ҳарду дар вазни то 52 кг), Хушқадам Хисравов, Акмалиддин Каримов (ҳарду – то 57 кг), Нозимҷон Охиров, Каъбатулло Аминов (ҳарду – то 62 кг), Мустафо Ҳасанов, Бежан Алиев (ҳарду – то 68 кг), Нусратишоҳ Имомов, Исмоил Ҳабибуллоев (ҳарду – то 74 кг), Зафар Олимшоев, Зайналобуддини Аъзамхон (ҳарду –то 82 кг), Абдулваҳҳоб Сатторов (90 кг) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг). Аз байни онҳо танҳо як нафар – Акмалиддин Каримов ба ватан бо медал баргашт.“

Бояд гуфт, ки ин мусобиқа барои бори шашум баргузор шуд. Ғолибони мусобиқаи имсола дар вазни худ бо медалҳои тилло ва 1000 доллар, барандагони ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра ва 500 доллар, барандагони ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ ва 250 доллар мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 11 медали тилло (5 медали тилло дар сабқати занон оид ба самбои варзишӣ, 4 медали тилло миёни мардон ва 2 медали тилло дар самбои размӣ байни мардон) дар ҷойи аввал қарор гирифт. Мунтахаби Қазоқистон бо касби 6 медали тилло ҷойи дувум ва дастаи Беларус бо касби 2 медали тилло ҷойи севумро гирифтанд.

Сергей Кирюхини русиягӣ бо ҷоизаи мухсус "Барои ирода баҳри ғалаба» ва 3 ҳазор доллар, ки Федератсияи самбои Қазоқистон таъсис додааст, мукофотонида шуд. Инчунин Андрей Казюсеноки беларус бо ҷоизаи "Кашфиёти мусобиқот" ва Ормон Оспанови қазоқ бо ҷоизаи "Барои техникаи беҳтарин" сарфароз гаштанд. Ерболат Бойботиров аз Қазоқистон беҳтарин варзишгари мусобиқот эътироф гардид ва бо мошини сабукрави тамғаи «Hyundai Accent” қадрдонӣ шуд.

Ғолибону ҷоизадорони давраи Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон:

Самбои варзишӣ
Мардон

Вазни то 52 кг
1. Беимбет КАНЖАНОВ (Қазоқистон)
2. Алексей КЛИКИН (Русия)
3. Жаркинбек БЕКТАЕВ (Қазоқистон) ва Николай ПАВЛОВ (Русия)
Вазни то 57 кг
1. Йерболат БОЙБАТИРОВ (Қазоқистон)
2. Саян ХЕРТЕК (Русия)
3. Иля ТУҲФАТУЛЛИН (Русия) ва Акмалиддин КАРИМОВ (Тоҷикистон)
Вазни то 62 кг
1. Багдат ЖАРИГЛАСОВ (Қазоқистон)
2. Азамат ШАИКХИ (Қазоқистон)
3. Дархан СЕРЖАНОВ (Қазоқистон) ва Даурен ЖАИНАКОВ (Қазоқистон)
Вазни то 68 кг
1. Павел ЛАГВЕНКИН (Русия)
2. Нурбол СЕРИКОВ (Қазоқистон)
3. Сарбон ЕРНАЗАРОВ (Узбакистон) ва Элдос ҶУМЪАХОНОВ (Қазоқистон)
Вазни то 74 кг
1. Ассилбек АЛКЕЙ (Қазоқистон)
2. Юрий САИФУТДИНОВ (Русия)
3. Алӣ КУРЖЕВ (Русия) ва Алексей ОГРИШЕВ (Русия)
Вазни то 82 кг
1. Сергей КИРЮХИН (Русия)
2. Михаил ПОЛЯНСКОВ (Русия)
3. Владимир ПРИКАЗЧИКОВ (Русия) ва Сергей РЯБОВ (Русия)
Вазни то 90 кг
1. Андрей КАЗУСЕНОВ (Беларус)
2. Александр ГОРБАЛ (Русия)
3. Нуралӣ ЯЛКАПОВ (Туркманистон) ва Виктор ОСИПЕНКО (Русия)
Вазни то100 кг
1. Дмитрий ЕЛИСЕЕВ (Русия)
2. Ярослав РАТКО (Украина)
3. Ариун-Эрдене БАТБАЯР (Муғулистон) ва Давит ЛОРИАШВИЛИ (Гурғистон)
Вазни +100 кг
1. Артём ОСИПЕНКО (Русия)
2. Максим ШИРЯЕВ (Русия)
3. Олег ХОРПЯКОВ (Русия) ва Константин РАТКО (Русия)

Акмалиддин Каримов.

Акмалиддин Каримов.

Бояд гуфт, ки соли 2012 гуштигирони тоҷик дар ин мусобиқа дар намуди самбои варзишӣ байни мардон як медали нуқра (Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг) ва ду медали биринҷӣ (Ибод Шайхов ва Илҳомиддин Алиев, ҳарду дар вазни беш аз 100 кг) ба даст оварда буданд. Вале соли гузашта паҳлавонони тоҷик аз давраи Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон бе медал баргаштанд.

Бояд тазаккур дод, дар давоми сол ҳафт давраи Ҷоми ҷаҳон, ки мақоми мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А”-ро доранд, баргузор мешаванд. Вале ҷоизаи аслӣ аз рӯи натоиҷи чаҳор давра супурда хоҳад шуд.

Давраҳои ҳалкунанда инҳоянд: дар Аврупо — Суперҷоми ҷаҳон «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», дар Осиё — давраи Ҷоми ҷаҳон барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Қазоқистон, дар Амрико — давраи Ҷоми ҷаҳон ба хотираи А.Астахов ва дар Африқо — давраи Ҷоми ҷаҳон «Гран-При Касабланка». Аз рӯи ҷамъбасти ин чаҳор давраи мусобиқот ғолибони Ҷоми ҷаҳон дар ҳисоби умумӣ дар ҳар як вазн муайян хоҳанд шуд.

Дарвоқеъ, чанд рӯз пеш дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё дар пойтахти Филиппин – Манила Иттиҳодияи самбои Осиё аз ҷониби ШОО пазируфта шуд ва самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил гардид, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё дастгирӣ мекунад. Кумитаи иҷроияи ШОО, инчунин, дар бораи ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил кардани самбо тасмим гирифт. Қарори кумитаи иҷроияи ШОО дар ҷаласаи Ассамблеяи 32-юми кулли ШОО дар Манила тасдиқ шуд.
XS
SM
MD
LG