Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи мухолифон ва ҳукумати Сурия идома кард


Мухолифони давлат ва намояндагони ҳукумати Сурия дар шаҳри Женева ба гуфтугӯ дар бораи ояндаи кишвар идома доданд. Як сухангӯи Созмони Милал гуфт, гуфтугӯҳо дар ҳузури Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал барои Сурия ҷараён дорад. Дар мулоқоти рӯзи шанбе масъалаи ирсоли кӯмакҳои имдодӣ ба мардуми мӯҳтоҷ дар минтақаҳои даргирӣ баррасӣ шудааст. Бори аввал аст, ки баъди се соли хунрезӣ, тарафҳои муноқиша дар Сурия рӯ ба рӯ гуфтугӯ мекунанд. То кунун дар ин ҷанг бештар аз 100 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ахзар Иброҳимӣ, рӯзи якшанбе гуфт, пеш аз баррасии масоили сиёсӣ дар Сурия дар рӯзи душанбе аввал ба масоили башарӣ таммаркуз хоҳанд кард. Қабл аз оғози гуфтугӯҳо дар рӯзи якшанбе Умрон ал-Зубӣ, вазири иттилооти Сурия дар шаҳри Женева гуфт, сарнавишти раиси ҷумҳур Башор Асад танҳо бар асоси Қонуни Асосии Сурия ҳал мешавад. Мухолифони давлат талаб доранд, ки қабл аз таъсиси ҳукумати муваққат, бояд Башор Асад аз мақомаш биравад.
XS
SM
MD
LG