Пайвандҳои дастрасӣ

Пешвои мухолифони Таиландро куштанд


Яке аз раҳбарони мухолифони давлат дар Таиландро айни суханронӣ дар назди тарафдоронаш куштанд. Пия Утайо, сухангӯи Пулиси Миллии Таиланд, гуфт, Сутин Таратинро, ки рӯзи якшанбе дар болои мошини борбар суханронӣ мекард, ба сараш тир задаанд. Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Таиланд, дар тазоҳуротҳои рӯзи якшанбе, як ҳафта пеш аз интихоботи порлумонӣ сурат мегирад, дасти кам 11 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Раъйдиҳии пешакӣ рӯзи якшанбе шурӯъ шуд, аммо тазоҳургарон монеъи раъйдиҳии мардум шуда ва дари баъзе аз қитъаҳои раъйдиҳиро занҷирбанд карданд. Тазоҳурот алайҳи ҳукумати Йинглук Шинаватра ҳафтаҳост, ки идома дорад. Тазоҳургарон мегӯянд, ҳукумати феълӣ фосид аст ва худи нахуствазир, “лӯхтаке дар дасти бародараш Таксин Шинаватра” нахуствазири пешини Таиланд аст, ки соли 2006 дар табаддулоти низомӣ аз мақомаш барканор шуд.
XS
SM
MD
LG