Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳди мухолифон ба идомаи мубориза


Бо вуҷуди онки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ба мухолифони давлат ду мақоми аслӣ дар ҳукуматро пешниҳод кард, аммо онҳо гуфтанд, ки муборизаашонро идома хоҳанд дод. Виталий Кличко, яке аз пешвоёни мухолифон рӯзи якшанбе дигарбора хостори интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ ва ислоҳот дар Қонуни Асосӣ шуд. Арсений Ятсенюк пешвои дигари мухолифон гуфт, ки онҳо ҳозиранд, мақомҳои пешниҳодӣ дар ҳукуматро бигиранд, «аммо ҳукумат дар Украинаро бояд бо иродаи мардум» таъйин шавад. Виктор Янукович мақоми нахуствазирро ба Ятсенюк ва мақоми муовини нахуствазирро ба Виталий Кличко пешниҳод кард. Ятсенюк дар як нишасти хабарӣ гуфт, пешниҳоди раиси ҷумҳурро напазируфта ва рад ҳам накардааст. Як соат баъд аз суханронии раҳбарони мухолифони Украина, тазоҳургарон дар шаҳри Киев 100 метр дуртар аз Майдони Истиқлол дар маркази Киев ба як биное дар онҷо ҳамла карда, дару панҷараҳояшро шикастанд ва бомбҳои оташгиранда партоб карданд.
XS
SM
MD
LG