Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти «Истиқлол» дар бозии санҷишӣ ба ССКА «Помир»


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии санҷишӣ аз тими ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1-2 мағлуб шуд.

Ин бозӣ дар доираи омодагии дастаҳои лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нави футбол дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо гардид.

Виллер Соуза Оливейра, легионери бразилии «Истиқлол», дар дақиқаи 26-ум аз пеналтӣ ҳисобро боз кард. Вале Бузургмеҳр Раҳмоналиев, ҳамлагари ҷавони ССКА «Помир», дар дақиқаҳои 36-ум ва 52-юм ду гол ба ҳадаф расонд.
Дастаи «Истиқлол» бо чунин ҳайат бозӣ кард: Алишер Тӯйчиев, Эраҷ Раҷабов, Наим Улмасов (Алишер Сафаров, 86), Сиёвуш Асроров, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов, Виллер Соуза Оливейра, Умедҷон Шарифов (Сиёвуш Мӯҳсинов, 83), Фатҳулло Фатҳуллоев, Жосимар Насименто (Глаубер Да Силва, 55), Дилшод Восиев.

Ҳайати ССКА «Помир» чунин буд: Анатолий Старушенко, Субҳон Хоҷамов, Фурӯғ Қодиров, Шамсиддин Қосимов, Руслан Тиллоев, Акмал Сабуров, Сабур Мулимов, Сайёди Ковусшоҳ, Фирдавс Чақалов, Азим Юнусзода, Бузургмеҳр Раҳмоналиев.

Дар ҷараёни бозӣ ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Амир Ҳоҷимуродов, Рустам Толибов, Файзулло Бобоев, Фирӯз Раҷабов, Зиёвуддин Фузайлов, Фаррухи Муҳаббатшо, Анвар Ҳамроқулов.

Бозии дигари санҷишии дастаи «Истиқлол» рӯзи 26-уми январ (соати 15:00) бо тими «Энергетик»-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.
XS
SM
MD
LG