Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бозии дувумашро низ дар Ҷоми Иттиҳод-2014 бо тими Қирғизистон бо ҳисоби 2-2 анҷом дод.

Ин бозии гурӯҳи “А” рӯзи 25-уми январ дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 11-уми нимаи аввали бозӣ Фирӯз Раҳматов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, кушод. Голи дувуми Тоҷикистонро дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 69-ум, Абдурасул Раҳмонов ба нишон расонд. Вале баъдан футболбозони Қирғизистон – Мӯсобеков (76) ва Сигинбоев (90+3) ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ду гол зада, ҳисобро баробар карданд.

Бояд гуфт, ки сардовари ин бозӣ Сергей Смирнов (Русия) ба ду бозигари мунтахаби Тоҷикистон - Хуршед Бекназаров (дақиқаи 79-ум) ва Наврӯз Рустамов (90+3) корти сурх нишон дода, онҳоро аз майдон хориҷ намуд. Бозигари мунтахаби Қирғизистон Талантбеков дар дақиқаи 81-ум аз пеналти истифода карда натавонист.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ чунин буд:
Муъминҷон Гадойбоев, Хуршед Бекназаров, Бахтиёр Азимов (Абдулло Саидов, 51), Амирбек Ҷӯрабоев (Фирдавс Тусматов, 76), Фаридун Шарифов (Фахриддин Сафарзода, 90), Ҷаҳонгир Эргашев (Алишер Шарифов, 86), Фирӯз Раҳматов (Навруз Рустамов, 84), Саидхони Амрохон, Ойбек Абдуғаффоров, Ромиш Ҷалилов, Абдурасул Раҳмонов (Комрон Турсунов, 72).

Дар бозии дигари даври дувум дар гурӯҳи "А" мунтахаби Украина бар тими Эстония бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 24-уми январ нахустин бозиашро дар Ҷоми Иттиҳод-2014 бо тими Эстония бо ҳисоби 2-2 анҷом дода буд. Ҳисобро дар дақиқаи 28-ум эстониҳо боз карданд. Фирӯз Раҳматов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 47-ум, ҳисобро баробар намуд. Вале мунтахаби Эстония дар дақиқаи 74-ум голи дувумро ба ҳадаф расонд. Футболбози тоҷик Абдурасул Раҳмонов дар замони изофӣ (90+1) ҳисобро баробар (2-2) кард.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «А»

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. Украина 2 2 0 0 4-0 6
2. Тоҷикистон 2 0 2 0 4-4 2
3. Эстония 2 0 1 1 2-4 1
4. Қирғизистон 2 0 1 1 2-4 1

Бозии севум ва охирини мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати гурӯҳи “А” 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад. Дарвоқеъ, сарфи назар аз натиҷаи ин бозӣ мунтахаби Украина, ки дар гурӯҳи “А” ҷойи аввалро соҳиб шуд, ба плей-офф баромад. Се дастаи дигари ин гурӯҳ барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан талош доранд.

Бар асоси дастури Ҷоми Иттиҳод ба плей-оффи мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳои ҷойҳои дувумро соҳибшуда ва ду дастаи ҷойҳои севум аз рӯи натоиҷи беҳтарин роҳ меёбанд. Он дастаҳое, ки аз гурӯҳҳои худ баромада наметавонанд, барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд.

Ҳайатҳои гурӯҳҳо ва ҷадвали бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014:

Гурӯҳи «А»: Эстония, Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон.

24 январ, ҷумъа. Эстония – Тоҷикистон – 2-2, Украина – Қирғизистон - 2-0.
25 январ, шанбе. Украина – Эстония – 2-0, Қирғизистон – Тоҷикистон – 2-2.
27 январ, душанбе. Эстония – Қирғизистон (13:00). Тоҷикистон – Украина (15:15).

Гурӯҳи «В»: Литва, Санкт-Петербург, Русия, Молдова.

24 январ, ҷумъа. Литва – Санкт-Петербург – 0-2, Русия - Молдова - 3-0.
26 январ, якшанбе. Молдова – Санкт-Петербург (13:00). Литва - Русия (20:00).
27 январ, душанбе. Литва – Молдова (17:30). Русия – Санкт-Петербург (20:00).

Гурӯҳи «С»: Латвия, Маскав, Беларус, Қазоқистон.

25 январ. Латвия – Маскав - 1- 0, Беларус – Қазоқистон - 4-1.
26 январ. Беларус – Латвия (15:15). Қазоқистон - Маскав (17:30).
28 январ. Латвия – Қазоқистон (13:00). Маскав – Беларус (15:15).
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG