Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, мегӯяд, то замоне, ки Амрико музокироти амалӣ бо Толибонро шурӯъ накунад, созишномаи дуҷонибаи амниятӣ бо он кишварро имзо нахоҳад кард.

Бар тибқи ин санад, баъди берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон то охири имсол, бояд теъдоде аз сарбозони Амрико барои кӯмак ба сарбозони Афғонистон ва тамрини онҳо дар ин кишвар бимонанд. Ҳомиди Карзай, рӯзи шанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ин аҳдномаро зери фишор имзо нахоҳад кард:
“Афғонистон зери фишор ҳозир ба имзои чизе нест. На фишор, на таҳдид, на ҷанги равонӣ алайҳи мардум, моро маҷбур нахоҳад кард, ки қарордоди амниятиро имзо бикунем. Агар мераванд, худо ҳофизашон, имрӯз бираванд.”

Раиси ҷумҳур Карзай рӯзи шанбе дар шаҳри Кобул ба хабарнигорон гуфт, Амрико ҳамеша таъкид кардааст, ки марокизи террористон дар Покистон аст, аммо барои маҳви ин пойгоҳҳо иқдом намекунад. Ба гуфтаи Ҳомиди Карзай, Афғонистон наметавонад, дар чунин фазои мубҳам, паймони амниятӣ бо Иёлоти Муттаҳидаро имзо кунад:

«Амрико бо ин гуфта ба Афғонистон омад, ки дар ин кишвар терроризм аст ва ҳамеша гуфтааст, ки марокизи терроризм дар Покистон вуҷуд дорад. Агар ин марокиз дар Покистон бошад, пас возеҳ аст, ки мавзӯи сулҳи мо низ бо Амрико ва Покистон робита дорад. Агар чунин нест, Амрико бигӯяд, ки чӣ гуна аст. Мо чунин муттаҳидро намехоҳем, ки ба дузд бигӯяд, дуздӣ бикуну ба соҳиби хона бигӯяд, бедор бош. Дар вазъи мубҳаму норӯшан, паймони амниятиро имзо карда наметавонем, чун мутмаин нестем, ки оқибатҳои он мусбат хоҳад буд.”

Раиси ҷумҳури Афғонистон дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, агар Амрико тасмим гирифтааст, ки нерӯҳояшро хориҷ кунад, ӯ аз ин тасмим истиқбол мекунад, вале агар мехоҳад дар Афғонистон бимонад, ба гуфтаи ӯ бояд шарту шароити афғонҳоро бипазирад. Ӯ гуфт: “Агар Амрико мехоҳад, ба ҳайси як муттаҳиди мо бимонад, пас бояд бо мо мисли муттаҳид ҳамкорӣ кунад, на рақиб.”

Дар ду моҳи пеш Луя Ҷиргаи машваратӣ, як ниҳоди мураккаб аз қабиласолорону шахсиятҳои шинохтаи Афғонистон, паймони амниятӣ бо Амрикоро тасвиб кард ва аз Ҳомиди Карзай хост, ки то охири соли 2013 онро имзо кунад. Вале раиси ҷумҳури Афғонистон барои имзои паймон шарт гузошт, ба мисли музокироти амалии сулҳ бо Толибон, хотима додан ба ҷустуҷӯи хонаҳои афғонҳо аз тарафи нерӯҳои хориҷӣ ва мудохила накардан ба интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Афғонистон.

Мақомоти Амрико ҳам талош карданд, ки Ҳомиди Карзай ин паймонро то охири соли 2013 ба имзо бирасонад. Ҳалқаҳои сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ, сармоягузорон ва теъдоде аз номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон низ хостаанд, ки ин паймон ҳарчӣ зудтар имзо шавад.

Амрико мехоҳад, созишномаи амниятӣ бо Афғонистон ҳарчӣ зудтар имзо шавад, то созмони НАТО ба ихроҷи сарбозонаш шурӯъ кунад. Раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, қарори ниҳоӣ дар бораи имзои созишномаро бояд баъди интихоботи моҳи апрел раиси ҷумҳури оянда қабул кунад. Дар ин ҳол теъдоде аз афғонҳо ба ин боваранд, ки агар нерӯҳои хориҷӣ, ин кишвар дучори бесуботиву бебандуборӣ хоҳад шуд. Аммо мақомҳои афғон мегӯянд, ки нерӯҳои амнияти миллӣ тавоноии дифоъ ва таъмини амният дар кишварро доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG