Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар бозии санҷишӣ бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард.

Ин бозӣ дар доираи омодагии қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон – «Равшан» ба бозии плей-оффи Ҷоми АФК-2014 бо тими «Ал Ярмук », қаҳрамони секаратаи Яман, ки рӯзи 2-юми феврал дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад, рӯзи 24-уми январ дар Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, барпо гардид.

Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 24-ум ҳисобро боз кард. Се голи дигари «Равшан»-ро Ҳасан Рустамов, Муҳаммадҷони Ҳасан ва Ҳикматулло Расулов дар нимаи дувум ба ҳадаф расонданд.

Дастаи “Равшан” бо чунин ҳайат ба майдон омад: Рустам Ризоев, Далерҷон Тухтасунов, Алексей Неъматов, Фаридун Рустамов, Ҳасан Рустамов, Бахтиёр Ҳасанов, Комрони Саидзод, Ҳикматулло Расулов, Сайриддин Ғаффоров, Нуъмонҷон Ҳакимов, Давронҷон Тухтасунов.

Дар ҷараёни бозӣ ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Неъмат Тошев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Абубакр Азимов, Зариф Рустамов.

Дар ҳайати дастаи «Хайр» дар ин бозӣ бозигарони нав - собиқ нимҳимоятгари «Истиқлол» Иброҳим Рабимов, легионер аз Гвинея Алия Силла, ки соли гузашта дар дастаи «Энергетик», бозӣ мекард, инчунин, ҳимоятгар Комрони Мирзохон, собиқ бозигари «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ҳунарнамоӣ карданд.

Ду бозии дигари санҷишии дастаи “Равшан” бо ССКА”Помир»-и Душанбе рӯзи 26-уми январ (соати 12:00) ва 28-уми январ бо «Энергетик»-и Душанбе (соати 15:00) дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG