Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафҳои даргир дар Сурия гуфтугӯ карданд


Бо гузашти тақрибан се сол аз ҷанги хунини шаҳрвандӣ дар Сурия, намояндагони ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳур ва мухолифони давлати ӯ дар шаҳри Женева бори аввал рӯ ба рӯ гуфтугӯ карданд. Дар ин ҷанг то кунун бештар аз 100 ҳазор нафар кушта шудаанд. Гуфтугӯи кутоҳ миёни ду тараф бо миёнҷигарии Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал барои Сурия сурат гирифт. Ҳоло маълум нест, ки мулоқот то шоми шанбе идома мекунад, ё не. Дипломатҳои хориҷӣ умеди зиёде надоранд, ки аз ин гуфтугӯҳо натиҷаи хубе ҳосил шавад. Ахзар Иброҳимӣ гуфтааст, ки қабл аз сӯҳбат дар бораи масоили сахти сиёсӣ, аввал иқдомҳои амалӣ, ба мисли созиши оташбас дар сатҳи маҳалҳо, табодули асирон ва дастрасии созмонҳои имдодӣ ба мардуми мӯҳтоҷ дар минтақаҳои даргириро матраҳ хоҳад кард. Дар гуфтугӯҳои пешакӣ дар шаҳри Монтро дар рӯзи чаҳоршанбе Ахзар Иброҳимӣ саъй кард, тарафҳои даргирро барои мулоқоти рӯ ба рӯ мойл намояд.
XS
SM
MD
LG