Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мегӯяд, Эрон барои тиҷорат боз нест


Ҳукумати Амрико мегӯяд, созишномаи муваққатӣ дар бораи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон, дарҳоро барои тиҷорат бо ин кишвар боз накардааст. Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” аз қавли Дейвид Коен, муовини вазири дороии Амрико, навиштааст, “Эрон барои тиҷорат боз нест”, зеро таҳримоти печидаи зиёде алайҳи ин кишвар ҳамчунон ҳукми эътибор доранд. Ӯ ба ширкатҳо ҳушдор додааст, то баъди 20 июл ва анҷом ёфтани мӯҳлати созишномаи муваққатӣ бо Эрон бо ин кишвар тиҷорат накунанд. Пештар аз ин вазорати дороии Амрико гуфт, ки Клеарстрим Банкинг, як муассисаи молии мустақар дар Люксембург барои беэътиноӣ ба таҳримот алайҳи Эрон ва кӯмак ба ин кишвар дар канор задани таҳримот 152 миллион доллар ҷарима кардааст. Вазорати дороии Амрико гуфтааст, ин иқдом як ҳушдори ҷиддӣ ба муассисаҳои молист, ки бояд дар тарафҳои таҳримшуда бо эҳтиёт муомилот кунанд.
XS
SM
MD
LG