Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонси зидди маводи мухаддир корманди худро боздошт кард


Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон дар Суғд як корманди гурӯҳи зудамали худ дар ин вилоятро ҳангоми қочоқи маводи мухаддир бо як гуруҳи афрод боздошт карданд. Хушнуд Раҳматуллоев, раиси дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди раисҷумҳури Тоҷикистон ба радиои "Озодӣ" бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар авоили моҳи декабри соли гузашта иттилоот расидааст, ки яке аз кормандони гуруҳи зудамали Раёсат дар Суғд ба қочоқи маводи мухаддир даст задааст. Оҷонсии зидди маводи мухаддир феълан ба хотири тафтишот аз овардани ному насаби кормандаш худдорӣ мекунад. Хушнуд Раҳматуллоев афзуд, ки Оҷонсии зидди маводи мухаддир барои боздошти корманди худ як амалиёт анҷом дода ва 10 январ ӯро дар ҷои ҳодиса ҳангоми қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми 3 кило ҳероин ва 1 кило ҳашиш боздошт кардаанд. Дар ҷойи ҳодиса боз ду шаҳрванди дигар низ, ки бо ин корманди Оҷонсии зидди маводи мухаддир ҳамкорӣ доштаанд, дастгир шудаанд. Феълан ба иттилои дафтари матуботи Оҷонсӣ алайҳи кормандаш парванда боз карда ба додситонии вилояти Суғд ирсол доштааст.
XS
SM
MD
LG