Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таркишҳо дар Қоҳира боиси марги панҷ нафар шуданд


Бар асари се таркиш дар Қоҳира, пойтахти Миср, дасти кам панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Ба навиштаи расонаҳо, таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷида дар канори бинои раёсати полиси шаҳр чаҳор кушта бар ҷой гузошт. Ба биноҳои гирду атроф, аз ҷумла, ба Осорхонаи санъати исломӣ осеб расидааст. Бар пояи хабарҳо, баъд аз таркиш чанд лаҳза тирпарронӣ идома кард.

Ба навиштаи France-Presse, масъулияти ҳамларо “Ансор Байт ал-Маҷлис”, гурӯҳи наздик ба “Ал-Қоида”, бар ӯҳда гирифтааст.

Инфиҷори дуввум дар истгоҳи метро рӯй дод ва мунҷар ба ҳалокати як кас ва ҷароҳат бардоштани 15 тани дигар гардид. Ҳамчунин дар канори идораи полиси шаҳри Гиза, воқеъ дар канори пойтахт, ҳам як бомб инфиҷор кард. Дар бораи осебдидагон дар ин ҳодиса иттилоъ нарасидааст.
XS
SM
MD
LG