Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии Тоҷикистон бо Эстония дар Ҷоми Иттиҳод-2014


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) нахустин бозиашро дар Ҷоми Иттиҳод-2014 бо тими Эстония бо ҳисоби 2-2 анҷом дод.

Ин бозии аввалини Ҷоми Иттиҳод-2014 дар гурӯҳи “А” рӯзи 24-уми январ дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Ҳисобро дар дақиқаи 28-ум эстониҳо боз карданд. Фирӯз Раҳматов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 48-ум, ҳисобро баробар намуд. Вале мунтахаби Эстония дар дақиқаи 74-ум голи дувумро ба ҳадаф расонд. Футболбози тоҷик Абдурасул Раҳмонов дар замони изофӣ (90+1) ҳисобро баробар (2-2) кард.

Мунтахаби Тоҷикистон ба ин бозӣ бо чунин ҳайат ба майдон омад: 16. Муъминҷон Гадойбоев, 3. Хуршед Бекназаров, 6. Амирбек Ҷӯрабоев, 8. Фаридун Шарифов, 10. Ҷаҳонгир Эргашев (капитан), 11. Фирӯз Раҳматов, 13. Саидхони Амрохон, 14. Ойбек Абдуғаффоров, 17. Абдулло Саидов, 19. Ромиш Ҷалилов, 21. Абдурасул Раҳмонов.

Бозигарони эҳтиётӣ: 1. Эмомалӣ Сониев, 2. Фаррух Фузайлов, 4. Алишер Шарифов, 5. Бахтиёр Азимов, 7. Наврӯз Рустамов, 9. Комрон Турсунов, 23. Фирдавс Тусматов, 24. Фахриддин Сафарзода, 27. Шодмон Тағойзода.

Дар бозии дигари гурӯҳи "А" мунтахаби Украина бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Ҷоми Иттиҳод-2014
Гурӯҳи «А»
Эстония - Тоҷикистон - 2:2
Голҳо: Кирсс, 28 (1:0). Фирӯз Раҳматов, 47 (1:1). Вашук, 73 (2:1). Абдурасул Раҳмонов, 90+1 (2:2).
Эстония: Тамме, Элхи (Кукебал, 46), Авилов, Метс, Пикк (Алое, 46), Леписту (к), Раудсепп (Текко, 84), Гусев (Вялья, 84), Устаал (Каубер, 46), Кирсс (Вашук, 69), Мартинов (Марин, 69).
Тоҷикистон: Муъминҷон Гадойбоев, Хуршед Бекназаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Эргашев (к) (Фирдавс Тусматов, 89), Фирӯз Раҳматов (Комрон Турсунов, 81), Саидхони Амрохон, Ойбек Абдуғаффоров, Абдулло Саидов (Бахтиёр Азимов, 63), Ромиш Ҷалилов, Абдурасул Раҳмонов.
Огоҳонида шуданд: Фаридун Шарифов, 35, Амирбек Ҷӯрабоев, 68, Ойбек Абдуғаффоров, 89, Леписту, 90.
Бозигарони беҳтарин: Максим Гусев, Муъминҷон Гадойбоев.
Доварон: Роман Чернов, Дмитрий Сафян, Иля Елеверенко.
24 январи соли 2014, Санкт-Петербург, КФВ «Петербургский», 200 тамошобин.

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1 Украина 1 1 0 0 2-0 3
2 Тоҷикистон 1 0 1 0 2-2 1
3 Эстония 1 0 1 0 2-2 1
4 Қирғизистон 1 0 0 1 0-2 0

Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи шанбе, 25-уми январ, бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳи “А” 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби ҷавонони Туркманистон ва Узбакистон аз ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 даст кашиданд. Ба ҷойи онҳо тимҳои мунтахаби ҷавонони шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург бозӣ хоҳанд кард. Мунтахаби Санкт-Петербург дар гурӯҳи «B» бо тимҳои Русия, Литва ва Молдова, мунтахаби Маскав бошад, дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Латвия, Беларус ва Қазоқистон рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури Ҷоми Иттиҳод ба плей-оффи мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳои ҷойҳои дувумро соҳибшуда ва ду дастаи ҷойҳои севум аз рӯи натоиҷи беҳтарин роҳ меёбанд. Он дастаҳое, ки аз гурӯҳҳои худ баромада наметавонанд, барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21), дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 20 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар назди даста вазифа гузоштааст, ки аз гурӯҳи худ ба даври баъдӣ бароем.»

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2014:
Дарвозабонҳо: Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Фирдавс Тусматов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Фахриддин Сафарзода («Нури Норак»), Хуршед Бекназаров («Вахш»), Саидхони Амрохон («Равшан»), Фаррух Фузайлов («Парвоз»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»);
Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду – «Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев (ДЮСШ ССКА, Маскав), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Наврӯз Рустамов («Равшан»), Комрон Турсунов (РТСУ).
Сармураббӣ: Маҳмадҷон Ҳабибуллоев.

Ҳайатҳои гурӯҳҳо ва ҷадвали бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014:

Гурӯҳи «А»: Эстония, Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон.

24 январ, ҷумъа. Эстония – Тоҷикистон – 2-2, Украина – Қирғизистон - 2-0.
25 январ, шанбе. Украина – Эстония (17:30). Қирғизистон – Тоҷикистон (20:00).
27 январ, душанбе. Эстония – Қирғизистон (13:00). Тоҷикистон – Украина (15:15).

Гурӯҳи «В»: Литва, Санкт-Петербург, Русия, Молдова.

24 январ, ҷумъа. Литва – Санкт-Петербург (17:30). Русия - Молдова (20:00).
26 январ, якшанбе. Молдова – Санкт-Петербург (13:00). Литва - Русия (20:00).
27 январ, душанбе. Литва – Молдова (17:30). Русия – Санкт-Петербург (20:00).

Гурӯҳи «С»: Латвия, Маскав, Беларус, Қазоқистон.

25 январ. Латвия – Маскав (13:00). Беларус – Қазоқистон (15:15).
26 январ. Беларус – Латвия (15:15). Қазоқистон - Маскав (17:30).
28 январ. Латвия – Қазоқистон (13:00). Маскав – Беларус (15:15).
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
XS
SM
MD
LG