Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарон дар Киев бинои як вазоратро ишғол карданд


Эътирозгарон дар Киев бинои вазорати сиёсати кишоварзиро ишғол карданд. Ин бино дар Крешатик, ба гуфтаи фаъолони мухолифин, барои осоиши онҳое истифода хоҳад шуд, ки муддати тулонӣ дар ҳавои сард буданд. Кормандони вазорат ба бино роҳ дода намешаванд.

Аз ин пеш эътирозгарон ду бино – шаҳрдории Киев ва Хонаи иттиҳодияҳои касабвиро ишғол карда буданд. Шоми панҷшанбе баъд аз мулоқоти раҳбарони мухолифин бо раисиҷумҳур Виктор Янукович эътирозгарон тасмим гирифтанд, ки аз раванди музокирот бо мақомоти расмӣ берун шаванд ва қаламрави Майдонро то истгоҳи метрои “Крешатик” густариш диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки ба сарвари давлат бовар надоранд ва гуфтугӯ бо ӯ беҳуда аст.

Қарор аст, ки мулоқоти навбатии раҳбарони мухолифин бо Виктор Янукович рӯзи ҷумъа баргузор шавад.

Мухолифин талаб доранд, ки Виктор Янукович ҳукуматро ба истеъфо фиристад ва баъд аз эълони санаи интихоботи навбатӣ худаш ҳам мақомашро тарк намояд.

Бар асари бархӯрдҳо миёни милиса ва эътирозгарон дар маркази Киев, ки рӯзи 20 январ шурӯъ шуд, дасти кам 5 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 300 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Эътирозҳо дар Киев моҳи гузашта баъд аз он густариш ёфтанд, ки ҳукумати Украина аз идомаи музокирот бо Брюссел дар робита ба ҳамгироии кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо сарпечӣ кард.
XS
SM
MD
LG