Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи нав ба варзишгоҳе дар Афғонистон


Дар вилояти Лағмон, воқеъ дар шарқи Афғонистон, афроди мусаллаҳи нишонос варзишгоҳро тирборон карданд, ки дар натиҷа панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. Сарҳадии Жувак, сухангӯи волӣ, гуфт, ки ҳамла рӯзи панҷшанбе дар волусволии Алингор рӯй додааст. Ҳамлагарон аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз касе бар ӯҳда нагирифтааст, аммо мақомоти Афғонистон ангушти иттиҳом сӯи толибон карданд. Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, бо пахши як изҳорот ин ҳамларо маҳкум кард.

Ҳафтаи гузашта дар вилояти Қандаҳор толибон ба майдони футбол мушак андохта буданд. Дар он ҳодиса чаҳор нафар ҷон бохтанд.

Замони қудрати толибон дар Афғонистон баргузории қувваозмоиҳои варзишӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ дар маҳзари омро маҳдуд шуда буд.

Шаби панҷшанбе дар вилояти Ҳилманд ҷасади хабарнигор Нур Аҳмад Нурӣ ошкор гардид. Корманди 30-солаи радиои маҳаллӣ ҳамон рӯз аз сӯи афроди ношинос рабуда шуда буд.
XS
SM
MD
LG