Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се нафар дар таркише дар Қоҳира


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷида дар канори бинои раёсати полиси шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, дасти кам се нафар ба ҳалокат расида, беш аз 40 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ба биноҳои гирду атроф осеб расидааст. Расонаҳо навиштаанд, ки баъд аз таркиш чанд лаҳза тирпарронӣ идома кард.

Ба иттилои хабаргузории France-Presse, масъулияти ҳамларо “Ансор Байт ал-Маҷлис”, гурӯҳи наздик ба “Ал-Қоида”, бар ӯҳда гирифтааст.
XS
SM
MD
LG