Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳосили рекордии картошка. Шубҳаи Э.Раҳмон ва тасдиқи Қ.Қосимов


Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 24-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки "воқеан кишоварзони тоҷик дар соли 2013 як миллиону 115 ҳазору 500 тонна картошка истеҳсол карданд. Ин рақам дар қиёс ба як сол пеш 396,3 ҳазор тонна бештар аст."

Ин ҳам дар ҳоле, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 15-уми январ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат рақами эълонкардаи вазорати кишоварзиро зери шубҳа қарор дод. Аммо Қосим Қосимов мегӯяд, ки "ин рақам дуруст аст, чун 50 дарсади картошкаи тавлидшуда тавассути хоҷагиҳои деҳқонӣ ба даст омадааст."

Ба гуфтаи вай, ҳатто соли гузашта ба Тоҷикистон 1,5 хазор тонна картошка камтар ворид шудааст. Ҳамзамон ба гуфтаи вазири кишварзӣ, дар соли 2013, дар қаламрави кишвар ҳудуди 1 миллиону 400 ҳазор тонна гандум ва маҳсулоти ғалладона истеҳсол шудаааст. Ба гузориши вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар соли гузашта ҳудуди 228 ҳазор тоннаро ташкил додааст.

Вазири кишоварзӣ ҳамчунин аз баста шудани марз бо Қирғизистон нигаронӣ карда гуфт, ки бо наздик шудани мавсими кишти баҳорӣ, метавонад паёмади манфӣ дошта бошад. Чунки як қисми маводи сӯхт ва доруворӣ барои кишт аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад.

Ҳамчунин вазири кишварзӣ аз камтаваҷҷӯҳии занон барои роҳбари хоҷагӣ шудан изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфтаи вай, ҳоло дар кишвар беш аз 126 000 хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд, ки танҳо дар 17 000 онҳо занон роҳбарӣ мекунанд. Қосимов гуфт, ҷалби занон ба роҳбарии хоҷагиҳо дар баробари мардон ба хотири риояи мизони ҷинсӣ ё гендерӣ дар ҷомеа аст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG