Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 24-уми январ дар Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин варзишгарони сол баргузор шуд.

Дар ин маросим нахуст Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон ноиби аввали президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, дар бораи натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар мавсими соли гузашта гузориш дод. Вай гуфт, «соли 2013 беш аз 1000 варзишгари Тоҷикистон дар 78 мусобиқоти ҷаҳониву Осиё ва байналмилалӣ иштирок карда, 461 медал (100 - тилло, 130 - нуқра ва 231- биринҷӣ) ба даст оварданд.”

Баъдан даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2013, ки онҳоро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) бар асоси назархоҳии хабарнигорони соҳа муайян кардааст, бо ҷоизаҳои молии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии кишвар ва тӯҳфаю дипломҳои АЖРВТ сарфароз шуданд.

Варзишгари маъруфи тоҷик, гурзандоз Дилшод Назаров, ки беҳтарин варзишгари соли 2013 эътироф шудааст, бо ҷоизаҳо сарфароз гардид.
Бояд гуфт, ки Дилшод Назаров порсол дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи “IAAF World Challenge” дар Олмон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар ин мусобиқа гурзро ба масофаи 80 метру 71 сантиметр ҳаво дод, ки ин натиҷа рекорди нави шахсии Дилшод дар мусобиқоти байналмилалист.

Вай дар чунин мусобиқа дар Бразилия низ соҳиби медали тилло шуд. Инчунин Дилшод дар мусобиқоти байналмилалии “Seiko Golden Prix” дар Ҷопон бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Маскав ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар байни панҷ нафар беҳтарин гурзандозҳои ҷаҳон ҷой гирифт. Бояд гуфт, ки ин беҳтарин натиҷаи порсола миёни варзишгарони Тоҷикистон дар чемпионати ҷаҳон байни бузургсолон дар намуди олимпист. Дилшод Назарови 31-сола, ҳамчунин, дар Ҳиндустон дубора ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Дарвоқеъ, Дилшод ягона варзишгари Тоҷикистон аст, ки соли 2013 дар чемпионати Осиё дар намуди олимпии варзиш медали тилло ба даст овардааст.


Дилшод Назаров, ки авоили соли нав муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон таъин шуд, дар ин маросим гуфт, “вазифаи асосии мо ҳамаҷониба омода кардани дастаи мунтахаби кишвар ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Бразилия мебошад. То Олимпиадаи мазкур вақти кам – 2 соли дигар мондааст. Ман ҳамчун варзишгар инро хуб дарк мекунам ва бинобар ин мо бояд тамоми фикру зикр ва кӯшишу ғайрати худро барои омодагӣ ба ин Бозиҳо равона кунем.”

Дар ин маросим, ҳамчунин, варзишгароне, ки ба қатори даҳ нафар беҳтаринҳо дохил шуданд, бо ҷоизапулӣ ва дипломҳо сарфароз гаштанд:

Комроншоҳи Устопириён - қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 90 кило дар Туркия, барандаи медали биринҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Санкт-Петербург ва барандаи медали нуқра дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 кг, ғолиби мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон байни навҷавонон дар Юнон, барандаи медалҳои биринҷӣ дар ду даври мусобиқоти байналмилалии дзюдо - Гран-при дар шаҳрҳои Алмаато ва Тошканд, ғолиби Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонон дар Киев,

Алишер Аҳмадов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар бахши лайт- контакт дар вазни то 57 кг, барандаи ду медали биринҷӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквон-до (ITF) дар Булғористон дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 57 кг ва дар ҳисоби дастаӣ байни мардон дар машқҳои маҷмӯӣ;

Саидҷалол Саидов – қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи гуштии кураш дар вазни то 81 кг дар Туркия ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Кореяи Ҷанубӣ;

Искандари Рустам – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба гуштии озод дар вазни то 96 кг дар Ҳиндустон;

Наврӯз Ҷафоев – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё оид ба бокс дар вазни то 75 кг дар Урдун;

Абдуазим Бойназаров – барандаи медали нуқраи Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Қазон дар риштаи гуштии камарбандӣ дар вазни то 68 кг;

Зӯҳро Холова – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба кикбоксинг (WAKO) дар Туркия дар байни занон дар намуди кик-лайт дар вазни то 50 кг;

Меҳрангез Алиева – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба таэквон-до ИТФ дар машқҳои маҷмӯӣ миёни занон дар Булғористон;

Акмал Қодиров – барандаи ду медали тиллои чемпионати Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ дар вазни беш аз 90 кг байни варзишгарони маъюб дар Тошканд.

Раҳбари варзиши кишвар Маликшо Неъматов , инчунин, дар бораи нақшаҳои варзишгарони тоҷик дар соли 2014 иттилоъ дод. Вай гуфт, “имсол варзишгарони тоҷик ба ҷуз мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ, дар бузургтарин чорабиниҳои варзишӣ ширкат хоҳанд кард. Ду варзишгари мо – Андрей Дригин ва Алишер Қудратов меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхатҳо ба Бозиҳои XXII зимистонаи олимпӣ, ки аз 7-ум то 23-юми феврали соли 2014 дар Сочи баргузор мешаванд, дар лижаронии кӯҳӣ иҷро карданд. Бояд гуфт, ки тасмими додани роҳхатҳо ба Олимпиадаи зимистона дар намуди лижаронии кӯҳӣ ба ин ду варзишгари Тоҷикистон пас аз баррасии натиҷаҳои нишондодаи онҳо дар мусобиқоти интихобии олимпӣ аз ҷониби Федератсияи байналмилалии лижаронӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон гирифта мешавад.”

Дар ин маросим Алишер Қудратов, лижарони тоҷик, ки меъёрҳои муқарраршударо барои гирифтани роҳхат ба Олимпиадаи Сочи иҷро кардааст, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.

Ба иттилои Маликшо Неъматов имсол варзишгарони ҷавони тоҷик аз 16-ум то 28-уми август дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки дар Нанҷинги Чин доир мешаванд, иштирок мекунанд. Инчунин ҳайати бузурги варзишии кишвар соли равон дар Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегарданд, ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG