Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Х.Абдураҳимов: "Хатари терроризм ба Тоҷикистон вуҷуд дорад"


Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, таҳдидҳои террористӣ ба Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Хайриддин Абдураҳимов ба гурӯҳи хоси террористие, ки ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, ишора накард, аммо афзуд, ки ин кишвар мисли кишварҳои дигар, аз таҳдидҳои террористӣ эмин нест.

Хайриддин Абдураҳимов рӯзи ҷумъаи 24-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки барои ҳар кишвар таҳдид террористӣ вуҷуд дорад, аммо аз ироаи бештари посух ба ин суол худдорӣ кард. Зеро ба таъкиди ҷаноби Абдураҳимов, посух додан ба ин суол дар салоҳияти ӯ нест.

Аммо раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ташкили маркази вижаи зидди терористӣ дар Тоҷикистонро муҳим медонад. Ҳарчанд, ба гуфтаи вай, чунин марказҳои вижа бар зидди террористон дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва сабаби аслӣ, мушкилоти молӣ аст. Чун ба таъкиди Хайриддин Абдураҳимов, ин кор имконият ва маблағ мехоҳад.

Ба таъкиди ҷаноби Абдураҳимов, кишварҳои абарқудрат мисли Русияву Чин ва Қазоқистон дар ин замина шароити хуби молӣ доранд: "Аммо инхел гуфтан мумкин нест, ки дар Тоҷикистон, маркази тайёр кардани кормандони зиддитерористӣ нест. Ҳарчанд мо гурӯҳҳои калон омода накардем, аммо ҳастанд гуруҳҳои зиддитерорристӣ хурд. Онҳо дар мактабҳои оливу махсус тайёр намешаванд, балки дар курсҳои омӯзишии махсус омода мешаванд. Ҳозир мо ташкил кардем, кормандоне, ки дар ҳолати фавқулодда зарур ҳастанд, дар курсҳои махсус муддати 40 рӯз омӯзиш мегиранд."

Ба гуфтаи Абдураҳимов, дар ин муддати кутоҳ онҳо тамоми чизро омӯхта наметавонанд, вале дар аввал аз се қонун, «Мудофиаи гражданӣ», «Ҳолатҳои фавқулова» ва қонун дар бораи «Наҷотдиҳандагон»-ро омӯхта, фаҳмиши ибтидоӣ ҳосил мекунанд.

Изҳороти раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ҳоле садо медиҳад, ки бино ба хабари расонаҳо дар ҳамлаи ҳавопаймои нерӯҳои низомии Покистон ба Вазиристони Шимолӣ 33 нафар аз аъзои Ҳаракати исломии Туркистон кушта шуданд, ки дар миёни онҳо, ба эҳтимоли зиёд шаҳрвандони Тоҷикистон низ будаанд. Ҳамчунин дар шимоли Афғонистон гуруҳи "Ансоруллоҳ" фаъолият дорад, ки ҳадафаш сарнагунии ҳукумати дунявии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG