Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Тоҷикистону Қирғизистон гуфтугӯ карданд


Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон
Дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон хабар додааст, ки 23 январ бо дархости ҷониби Тоҷикистон миёни вазирони корҳои хориҷаи ҳар ду кишвар Сироҷиддин Аслов ва Эрлан Абдилдаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом гирифтааст. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳали муноқишаи мусаллаҳонаи 11 январ дар марзро баррасӣ кардаанд.

Ҳар ду ҷониб таъкид кардаанд, ки бояд ҳар чӣ зудтар расидагии муштарак ба ин ҳодиса анҷом бигирад ва бар зидди ононе, ки сабаби оғози чунин муноқиша гардидаанд, тадобири зарурӣ андешида шавад.

Ҳар ду вазир ҳамчунин роҳҳои ҳали зудтари муноқишаро баррасӣ карданд. Дар хабари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон омадааст, ҷониби Қирғизистон аз ҳамтои тоҷики худ хостааст, ки ба ҳамаи суолҳое, ки пештар Қирғизистон дар ёддоштҳои эътирозии худ матраҳ кардааст, ҷавоби қонеъкунанда диҳад.
XS
SM
MD
LG