Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои тирандозӣ дар марзи Озарбойҷону Арманистон


Боку Арманистонро барои нақзи оташбас дар имтидоди марзи Қарабоғи Кӯҳистонии Озарбойҷон муттаҳам кардааст. Вазорати дифои Озарбойҷон изҳороте пахш ва дар он гуфтааст, ки нақзи оташбас рӯзи панҷшанбе мушоҳида шудааст, замоне ки намояндагони САҲА дар ноҳияи Физулӣ ба назорати марз рафта буданд.

Дар ин тирандозӣ касе ҷароҳат набардоштааст. Як гурӯҳи дигари нозирони САҲА дар Қарабоғи Кӯҳистонӣ низ рӯзи панҷшанбе марзро назорат мекарданд.

Сейран Оҳаниён-вазири дифои Арманистон рӯзи панҷшанбе дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, ки ташаннуҷ дар марз боқӣ мондааст ва илова кард: “мо танҳо ба оташи ҳадафмандона ҷавоб додем”.
XS
SM
MD
LG