Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давронҷон Эргашев, ҳимоятгари мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, бо бошгоҳи «Габала»-и Озарбойҷон қарордод баст.

Ба бошгоҳи «Габала», ки яке аз пешсафони мусобиқоти премйер-лигаи Озарбойҷон аст, мутахассиси маъруфи футбол Юрий Сёмин, собиқ сармураббии дастаи «Помир»-и Душанбе, раҳбарӣ мекунад. Ёвари Сёмин шогирди ӯ Юрий Батуренко, собиқ нимҳимоятгари «Помир», мебошад.

Футболбози тоҷик Давронҷон Эргашев дар мусоҳиба бо расонаҳои хабарии Озарбойҷон гуфтааст, ки қарордоди ӯ бо бошгоҳи «Габала» то охири мавсими имсола баста шудааст.

Бошгоҳи футболи «Габала»-и шаҳри Габала соли 1995 таъсис ёфтааст. Баъди натиҷагирии ду давраи премйер-лигаи Озарбойҷон «Габала» дар ҷадвали мусобиқот дар ҷойи дувум қарор дорад ва аз пешсаф - «Қаробоғ» ҳамагӣ як имтиёз камтар ба даст овардааст. Бозии аввали «Габала» дар давраи севуми мусобиқот рӯзи 1-уми феврал бо тими «Сумгаит» баргузор мешавад.

Давронҷон Эргашеви 25-сола, ки зодаи ноҳияи Ашти Тоҷикистон аст, пештар дар дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, аз моҳи январи соли 2011-ум дар тими «Истиқлол»-и Душанбе, мавсими гузашта дар бошгоҳи «Жетису»-и Талдиқӯрғони Қазоқистон бозӣ мекард. Ӯ дар ҳайати “Истиқлол” соли 2011қаҳрамони Тоҷикистон ва соли 2012 барандаи Ҷоми раиси АФК гардидааст. Ҳамчунин вай ду бор (солҳои 2011, 2012) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда, соли 2012 барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии кишвар шудааст.

Вале се бозигари дигари мунтахаби миллии Тоҷикистон – ҳимоятгар Аҳтам Назаров, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, ки мутаносибан дар бошгоҳҳои футболи Қазоқистон - «Иртиш», «Қайсар» ва «Жетису» аз санҷиш нагузаштанд, ба ватан баргаштанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG