Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯҳонӣ: Эрон хостори такмили аслиҳаи ҳастаӣ нест


Ҳасан Рӯҳонӣ дар Давос

Ҳасан Рӯҳонӣ дар Давос

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон дар Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар Давоси Шветсария суханронӣ кард. Вай дар зимн аз музокироту амният ва ҳамкориҳо суханоне ба забон овард. Рӯҳонӣ гуфт, ҳеҷ кишваре наметавонад дар алоҳидагӣ зиндагӣ кунад ва кишвари вай омода аст, ки якҷо бо маҳофили байналмиллалӣ бошад ва муносиботашро бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла бо Амрико беҳбуд бахшад.

Вай ҳамчунин бӯҳрони Сурияро фоҷеаи аслӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки баргузории интихоботи “озоду одилона” дар ин кишвар роҳи ҳали ин бӯҳрон аст. Рӯҳонӣ гуфт, амнияти энержӣ омили муҳими амнияти ҷаҳонист ва изҳор дошт, ки кишвараш барои расидан ба ду ҳадаф талош мекунад, яке манобеъ ва дигарӣ мавқеияти ҷуғрофиёӣ.

Вай гуфт, ки Эрон ҳамакнун заминаҳои нави қарордодҳои нафту газро фароҳам овардааст ва он то поёни соли ҷорӣ таҳия хоҳад шуд. Вай изҳор дошт, ки Эрон алоқаманди такмили аслиҳаи ҳастаӣ нест.
XS
SM
MD
LG