Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод: Мунтахаби Тоҷикистон – дар Санкт-Петербург


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи 22-юми январ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафт.

Бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский” баргузор мешаванд. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад.

Мусобиқот барои Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон 25-уми январ бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳи “А” 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.


Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби ҷавонони Туркманистон ва Узбакистон аз ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 даст кашиданд. Ба ҷойи онҳо тимҳои мунтахаби ҷавонони шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург бозӣ хоҳанд кард. Мунтахаби Санкт-Петербург дар гурӯҳи «B» бо тимҳои Русия, Литва ва Молдова, мунтахаби Маскав бошад, дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Латвия, Беларус ва Қазоқистон рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури Ҷоми Иттиҳод ба плей-оффи мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳои ҷойҳои дувумро соҳибшуда ва ду дастаи ҷойҳои севум аз рӯи натоиҷи беҳтарин роҳ меёбанд. Он дастаҳое, ки аз гурӯҳҳои худ баромада наметавонанд, барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд.


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21), дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 20 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар назди даста вазифа гузоштааст, ки аз гурӯҳи худ ба даври баъдӣ бароем. Ба назари ман дар гурӯҳи мо дастаи мунтахаби Украина ғолиб хоҳад шуд. Инчунин, ба фикри ман, ин даста, мисли мусобиқоти пешин, бо мунтахаби Русия дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Иттиҳод рақобат хоҳад кард.»

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2014:
Дарвозабонҳо: Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Фирдавс Тусматов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Фахриддин Сафарзода («Нури Норак»), Хуршед Бекназаров («Вахш»), Саидхони Амрохон («Равшан»), Фаррух Фузайлов («Парвоз»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»);
Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду – «Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев (ДЮСШ ССКА, Маскав), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Наврӯз Рустамов («Равшан»), Комрон Турсунов (РТСУ).
Сармураббӣ: Маҳмадҷон Ҳабибуллоев.

Ҳайатҳои гурӯҳҳо ва ҷадвали бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014:

Гурӯҳи «А»: Эстония, Тоҷикистон, Украина, Қирғизистон.

24 январ, ҷумъа. Эстония – Тоҷикистон (13:00). Украина – Қирғизистон (15:15).
25 январ, шанбе. Украина – Эстония (17:30). Қирғизистон – Тоҷикистон (20:00).
27 январ, душанбе. Эстония – Қирғизистон (13:00). Тоҷикистон – Украина (15:15).

Гурӯҳи «В»: Литва, Санкт-Петербург, Русия, Молдова.

24 январ, ҷумъа. Литва – Санкт-Петербург (17:30). Русия - Молдова (20:00).
26 январ, якшанбе. Молдова – Санкт-Петербург (13:00). Литва - Русия (20:00).
27 январ, душанбе. Литва – Молдова (17:30). Русия – Санкт-Петербург (20:00).

Гурӯҳи «С»: Латвия, Маскав, Беларус, Қазоқистон.

25 январ. Латвия – Маскав (13:00). Беларус – Қазоқистон (15:15).
26 январ. Беларус – Латвия (15:15). Қазоқистон - Маскав (17:30).
28 январ. Латвия – Қазоқистон (13:00). Маскав – Беларус (15:15).
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар Ҷоми Иттиҳод-2013 дар ҷойи 8-ум қарор гирифта, аз тимҳои Қирғизистон, Эстония, Латвия ва Туркманистон пеш гузашта буд. Ин натиҷаи ба даст овардаи футболбозони ҷавони тоҷик нисбат ба мусобиқаи соли 2012-ум се зина болост.
Мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дод: 2 бурд бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2. Таносуби тӯбҳояш – 6-11.

Мубин Эргашев дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон чунин гуфта буд: Умуман, ман аз ҳунарнамоии дастаамон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 қаноатмандам. Нисбат ба соли 2012 пешравӣ ба назар мерасад. Мо аз гурӯҳи худ ба чорякфинал баромадем, вале ба фикри шахсии ман мо метавонистем, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбем. Мо дар даври ниманиҳоӣ аз мунтахаби Литва аз рӯи пеналтӣ мағлуб шудем. Мо бояд бар дастаи Молдова ғалаба мекардем, вале ин футбол аст. Шояд бачаҳо баъди он ки ба чорякфинал баромадем, ба қувваи худ бовар надоштанд.”
XS
SM
MD
LG