Пайвандҳои дастрасӣ

Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе боз бо як легионери бразилӣ Жосимар Насиментои 31-сола қарордод ба имзо расонд.

Ҳамлагари бразилӣ Жосимар Насименто то ба «Истиқлол» гузаштан дар чемпионати Гондурас дар ҳайати тими «Депортиво Мотагва» бозӣ мекард. Мӯҳлати қарордоди ӯ бо бошгоҳи “Истиқлол” то охири мавсими имсола мебошад.

Жосимар Насименто 18-уми январи соли 1982 ба дунё омадааст. Қадаш – 185 см, вазнаш– 86 кг. Дар дастаҳои зерин бозӣ кардааст: 2001 - «Гуарантигуа» (Бразилия), 2002-2003 - «Лоникос» (Юнон), 2004 – «Фигуэренсе» (Бразилия), 2005 – «Сао Бенто» (Бразилия), 2006-2009 «Депортиво Мотагва» (Гондурас), 2010-2011 - «Савио» (Гондурас), 2012-2013 - «Депортиво Мотагва» (Гондурас).

Насименто ба Тоҷикистон аз Бразилия рӯзи 20-уми январ ҳамроҳи ду бозигари дигари «Истиқлол» – нимҳимоятгар Виллер Соуза Оливейраи 34-сола ва ҳимоятгари 32-сола Глаубер Да Силва омадааст. Вай алакай дар тамринҳои «Истиқлол» ширкат кардааст.

Дарвоқеъ, дастаи «Истиқлол» ба мавсими нави футбол дар урдугоҳи таълимиву варзишӣ таҳти раҳбарии сармураббии нав Мубин Эргашев омодагӣ мебинад.
Тими “Истиқлол”, ки соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон мақоми дувумро касб карда буд, имсол мақсад дорад, ки ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шавад.

Бинобар ин роҳбарияти бошгоҳ тасмим гирифт, ки ҳайати дастаро пурқувват кунад. Чунон ки сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» хабар додааст, пеш аз Жосимар Насименто ба даста нимҳимоятгар Дэвид Мауто, легионери африқоӣ аз Гана, собиқ бозигари “Равшан”-и Кӯлоб, Комил Саидов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, дарвозабони 20-сола Силванус Эванс, ки соли гузашта дар ҳайати «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекард, қабул шуда буданд.

Инчунин бошгоҳи «Истиқлол» бо якчанд бозигар мӯҳлати шартномаро тамдид накард ва бо онҳо хайру хуш намуд. Нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов, легионери эронӣ, ҳамлагар Ҳусейни Сӯҳробӣ, беҳтарин голзани мусобиқоти соли гузашта, ҳимоятгар Бенҷамин Авуку аз Гана ва Юҷин Сепуйя, ҳамлагари мунтахаби Уганда, дар айни ҳол дар ҷустуҷӯи бошгоҳҳои нав мебошанд.

Дар ҳайати мураббиёни даста низ баъзе тағйирот ба амал омадааст.

Собиқ дарвозабони мунтахаби миллии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев ёвари сармураббии даста таъин шудааст. Аслиддин Ҳабибуллоеви 42-сола солҳои ахир ёвари сармураббии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа буд. Вай, инчунин, дар дастаи «Истиқлол» вазифаи мураббии дарвозабонҳоро низ ба ӯҳда дорад. Ин вазифаро соли гузашта дар «Истиқлол» Мухтор Қурбонов ба ҷо меовард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG