Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Олии иқтисодӣ 168 қарори мақомотро бекор кардааст


Наим Мансуров, раиси Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон.
Наим Мансуров, раиси Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон.

Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон дар як соли ахир, 168 қарору санадҳои меъёриву ҳуқуқии ниҳодҳои давлатиро беэътибор донистааст, ки аксари онҳо ба тақсимоти замин рабт мегирад.

Наим Мансуров, раиси Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 23-юми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, 168 санади меъёриву ҳуқуқӣ, ин қарорҳои раиси шаҳру ноҳияҳо асосан дар масоили тақсими қитъаҳои замин ва ғайра мебошад.

Ба гуфтаи ҷаноби Мансуров "дар соли 2013 454 парванда ва 298 арзу шикоятҳо баррасӣ шуданд."

Раиси Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон афзуд, ки маблағи даъвоҳо аз рӯи парвандаҳои даъвогӣ дар марҳиллаи аввал, ки қонеъ карда шудаанд, беш аз 30 миллиону нуҳсад ҳазор сомонӣ ва ҳудуди 6 миллион долларро ташкил мекунад. Аз маблағи даъвоҳои қонеъ карда шуда ба буҷадаи давлат маблағи беш аз 2 милллион сомонӣ ворид гардид."

Ҷаноби Мансуров гуфт, ки "дар соли 2013 аз рӯи аризаҳои даъвогӣ ва шикоятҳои касатсионӣ ва назоратӣ маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ руёнида шудааст.

Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Мансуров, дар соли 2013 дар догоҳҳои иқтисодии Тоҷикистон 5 парванда бо ширкати шаҳрвандони хориҷӣ баррасӣ ва ҳалномаҳо содир карда шуданд.

Аммо ба гуфтаи раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон даъвоҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ дар муқоиса ба солҳои пештара коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ахиран дар гузориши худ оид ба масъалаи тақсим ва фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои замин аз тарафи курсинишинони ниҳодҳои давлатии навоҳии кишвар зикр кардааст, ки мақомоти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва кумиссиюнҳои ҷамъиятӣ ба ҷойи пешгирӣ ва рафъи қонуншиканиҳо дар масъалаи тақсими замин, худ даст ба амалҳои ғайриқонунӣ мезананд.

Дар ин гузориш омадааст, ки Абдумуталиб Аҳмедов - муовини аввали раиси ноҳияи Ғончӣ, ки ҳамзамон раиси Кумиссиюни қонунигардонии молу мулк будааст, ғайриқонунӣ ба 167 нафар заминҳои наздиҳавлӣ тақсим намуда, ба раиси корхонаи (КДФ) “Замини Ғончӣ” Эгамбердӣ Худойбердиев дастур медиҳад, ки барои ҷудо намудани замин аз сокинони ноҳия пул ҷамъ кунад.

Аммо вақте ки қарорҳои тақсими ин қитъаҳои замин аз сӯи додгоҳ бекор шуд, Абдумуталиб Аҳмедов пулҳои ҷамъшударо барнамегардонад ва дар ниҳоят раиси корхонаи (КДФ) “Замини Ғончӣ” Эгамбердӣ Худойбердиев аз ин вазъ ба танг омада, даст ба худкушӣ мезанад.

Нишасти хабарии додгоҳи иқтисодӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:03 0:00
XS
SM
MD
LG