Пайвандҳои дастрасӣ

ФИФА: Варзишгоҳҳои Бразилия ба Ҷоми ҷаҳон-2014 омода нестанд


Варзишгоҳи шаҳри Куритибе метавонад аз рӯйхати варзишгоҳҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Бразилия берун карда шавад. Тобистони соли равон дар ин стадион бояд чаҳор бозии қаҳрамонии футболи олам баргузор шавад, вале корҳои сохтмонӣ он ҷо ҳанӯз анҷом наёфтаанд.

Жером Валке, Дабири кулли ФИФА, Федератсиони байнулмилалии футбол, ҳангоми тафтиши раванди бунёди варзишгоҳ дар шаҳри Куритибе гуфт, мо наметавонем, ки бе майдони футбол бозиҳоро баргузор кунем, аммо рафти сохтмон хело кунд аст”.

Мақомоти Бразилия ваъда додаанд, ки бунёди ин варзишгоҳ моҳи март анҷом меёбад. ФИФА мегӯяд, ки бунёди стадионҳо дар Сан-Пауло, Куяба, Порту-Алегри ва Манаус ҳам то ҳол хатм нашудааст.

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар Бразилия аз 12 июн то 13 июли соли 2014 идома хоҳанд кард. Қарор аст, ки бозии нахустин дар варзишгоҳи шаҳри Сан-Паулу ва бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи “Марокана” дар Рио-де-Жанейро баргузор шаванд.

Барои дарёфти Ҷоми футболи олам дастаҳои мунтахаби 32 кишвар мубориза хоҳанд бурд.
XS
SM
MD
LG