Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Киев ҳалокати фақат ду нафаррро тайид карданд


Ҳукумати Украина ба кормандони милиса иҷоза дод, ки ба хотири таъмини низому тартибот дар ҳавои сард аз мошинҳои обпош истифода баранд. Ҳаво дар Киев айни ҳол даҳ дараҷа сард аст.

Бар пояи хабарҳо, рӯзи чаҳоршанбе бар асари ҷароҳатҳои бардошта Сергей Нигоян, як армании шаҳрванди Украина, аз олам даргузашт. Ин хабарро вазорати умури хориҷии Арманистон тайид кардааст. Нафари дуввуми дар ҳаводиси Киев ҷонбохта шаҳрванди Белорус аст. Дар ҳамин ҳол, рӯзи чаҳоршанбе рӯзномаи “Украинская правда” аз қавли сардухтури бемористони рақами 17 Николай Дёмин, дар бораи зинда будани ҷавоне хабар дод, ки як рӯз пеш аз сутуни 13-метраи варзишгоҳи “Динамо” ба замин сарозер шуд. Аз ин пештар расонаҳо дар бораи ҳалокати ин ҷавон хабар дода буданд.

Рӯзи чаҳоршанбе раисиҷумҳур Виктор Янукович бо се раҳбари мухолифин - Арсений Ятсенюк, Виталий Кличко ва Олег Тягнибок дидору гуфтугӯ кард.

Мӯҳтавои ин мулоқот то ҳол нашр нашудааст. Расонаҳои украинӣ дар бораи мустақаршавии нерӯҳои вокуниши сареъ “Беркут” ва пайдо шудани зиреҳпӯшҳо дар хиёбонҳои Киев хабар доданд.

Эътирозҳо бо талаби истеъфои ҳукумати Украина аз моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ идома доранд.
XS
SM
MD
LG