Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 5-уми апрел шурӯъ мешавад


Рӯзи 22-юми январ дар Душанбе, дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ҷаласаи Лигаи миллии футболи кишвар бо ширкати роҳбарону сармураббиёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Ширкаткунандагони ҷаласа шакли баргузории чемпионати Тоҷикистон-2014, масъалаи доварӣ ва дигар масоили ташкилиро баррасӣ карданд. Дар ин ҷаласа зикр шуд, ки мусобиқаи 23-юми қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 5-уми апрел шурӯъ мешавад.

Маблағи дархост барои ширкат дар мусобиқот мисли соли гузашта 40 ҳазор сомонӣ (наздики 8300 доллар) мебошад. Ин маблағро бошгоҳҳо вазифадоранд, ки то рӯзи 3-юми март ба хазинаи Федератсияи футболи Тоҷикистон пардохт намоянд.

Дар ҷаласа аксари раҳбарони дастаҳои лигаи олӣ иброз доштанд, ки мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар дар ду давра баргузор шавад. Дар чемпионати имсола ба мисли соли гузашта ширкати 10 даста дар назар аст. Бозии ҳайатҳои ҷавонон бар асоси тақвими мусобиқа як рӯз пеш аз бозии ҳайатҳои асосӣ барпо мегардад.

Мувофиқи регламент ё дастури чемпионат, дастаи «Истаравшан», ки порсол дар лигаи олӣ дар ҷойи охирин қарор гирифт, бояд лигаи олиро тарк намояд. Ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни дастаҳои лигаи аввал - «Саройкамар»-и Панҷ ва барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқа - «Эсхата»-и Хуҷанд аз ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ -2014 даст кашиданд. Ва танҳо дастаи «Далерон-Ӯротеппа», барандаи ҷоизаи биринҷии мусобиқаи соли 2013 миёни дастаҳои лигаи аввал, хоҳиши иштирок дар мусобиқаи лигаи олиро кардааст. «Далерон-Ӯротеппа» дар мавриди аз санҷиши литсензионӣ гузаштан ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи лигаи олӣ-2014 мушарраф мешавад.

Бар асоси тасмими кумитаи иҷроияи ФФТ ҳақулзаҳмати доварону нозирони бозиҳои лигаи олӣ нисбат ба соли гузашта 60 дар сад афзун мешавад. Сардовар 920 сомонӣ, доварони марзи майдон ҳар кадом 690 сомонӣ, довари эҳтиётӣ 350 сомонӣ, нозири бозӣ 800 сомонӣ мегиранд ва аз ин маблағ 13 дар садашро андоз месупоранд. Маблағи ҳаққи аъзогии як нафар узви бошгоҳи лигаи олӣ 100 сомонӣ барои ҳайатҳои асосӣ ва 50 сомонӣ барои ҳайатҳои ҷавонон мебошад.

Дар ин ҷаласа Сафар Каримов ба ҳайси раҳбари кумитаи доварони ФФТ ва Абдураҳим Бобоев ба ҳайси раҳбари кумитаи нозирони ФФТ муаррифӣ шуданд.
Ба раҳбарони бошгоҳҳои лигаи олӣ хабар дода шуд, ки онҳо ҳуқуқ доранд барои дар мавсим бозӣ кардани на бештар аз шашлегионер дархост бидиҳанд. Ҳамаи 6 нафари онҳоро метавонанд ба протоколи бозӣ дохил намоянд, вале дар як вақт дар майдон метавонанд чор нафарашон бозӣ кунанд.

Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо мусобиқа барои Ҷоми ФФТ, ки аз ду марҳила – пешакӣ ва ниҳоӣ иборат аст, оғоз меёбад. Давраи аввали Ҷоми ФФТ 15-уми феврал шурӯъ шуда, дар се минтақа -Душанбе, Хатлон ва Суғд барпо мегардад. Марҳилаи ниҳоӣ 9-уми март шурӯъ хоҳад шуд.

Барои Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон-2014 қаҳрамони феълӣ - «Равшан»-и Кӯлоб ва барандаи Ҷоми кишвар - «Истиқлол»-и Душанбе рақобат мекунанд. Санаи баргузории ин бозӣ ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Ва аммо аз рӯи маълумоти пешакӣ бозӣ дар Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, охири моҳи март ва ё авоили моҳи апрел барпо мегардад. Таърихи аниқи бозӣ баъдтар эълон мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG