Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни бархӯрдҳо дар Киев ба се нафар расид


Дар ҳаводиси шаҳри Киев се нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, ду тан аз эътирозгарон ҳадафи тир қарор гирифтанд ва каси сеюм бар асари ҷароҳатҳо дар бемористон аз олам даргузашт. Мухолифин масъулияти марги онҳоро бар дӯши нерӯҳои ҳукуматӣ гузошт, аммо мақомоти расмӣ мегӯянд, ки нерӯҳои вокуниши сареъ “Беркут” дар кӯчаи Грушевский силоҳ надоранд.

Субҳи рӯи чаҳоршанбе хабар расид, ки дар задухӯрдҳо дар канори варзишгоҳи “Динамо” сергей Нигоян, яке аз эътирозгарони пуштибон аз ҳамгироии Украина ба Иттиҳодияи Аврупо, ҳадафи тир қарор гирифт.

Дар ҷавоб ба марги Нигоян эътирозгарон барои ҳамла ба кормандони милиса омодагӣ гирифтанд, аммо “Беркут” ҳамларо барвақттар шурӯъ кард. Ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Киев, як эътирозгари дигар ба ҳалокат расид.

Аз ин пеш, ба навиштаи расонаҳо, як ҷавони 22-сола аз сутуни 13-метраи варзишгоҳи “Динамо” ба замин сарозер шуд ва ҷон бохт. Аз он ҷо эътирозгарон сӯи кормандони милиса шишаҳо бо маводи сӯхт меандохтанд.

Бархӯрдҳо дар пойтахти Украина идома доранд. Шаби гузашта кормандони милиса алайҳи эътирозгарон дар кӯчаи Грушевский аз мошинҳои обпош истифода бурданд. Аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ, истифода мошинҳои обпош дар ҳавои сард ҳамвазни шиканҷа аст. Шурӯъ аз рӯзи чаҳоршанбе дар Украина татбиқи қонунҳое оғоз ёфт, ки дар онҳо барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ҷарима ва ҳабс пешбинӣ шудааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, қарор аст, ки тақрибан 8 ҳазор кормандони милиса ва низомиёни нерӯҳои дохилиро барои парокандасозии эътирозгарон дар Майдони Истиқлол сафарбар шаванд.

Ба иттилои расмӣ, бар асари задухӯрдҳо дар маркази Киев, ки рӯзи 19 январ шурӯъ шуданд, беш аз 200 нафар, аз ҷумла, 35 хабарнигор, ҷароҳат бардоштаанд.

Эътирозҳо бо талаби истеъфои ҳукумати Украина аз моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ идома доранд.
XS
SM
MD
LG