Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Женева-2" бо гуфтугӯи ҳукумату мухолифини Сурия оғоз ёфт


Дар шаҳри Монтрёи Швейсария мулоқоти намояндагони ҳукумати Сурия ва мухолифини мӯътадил ба хотири ҳалли мусолиматомези низои мусаллаҳона дар кишвар оғоз ёфт. Ин гуфтугӯ дар чаҳорчӯби конфаронси байнулмилалӣ оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия доир мешаванд.

Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, зимни ифтитоҳи мулоқот изҳор намуд, ки конфаронси феълӣ имконотро барои ҳаракат сӯи ҳалли мусолиматомези низоъ дар Сурия фароҳам хоҳад кард.

Дар гуфтугӯ дар Монтрё, ки бештар чун “Женева-2” маъруф аст, дар қиёс аз мулоқоти қаблӣ ҳайати мухолифини ҳукумати Сурия ширкат дорад. Мухолифини режими Башор Асад аз пуштибонии кишварҳои ғарбӣ бархурдоранд. Вазири умури хориҷиии Сурия Валид ал-Муаллим қабл аз ифтитоҳи гуфтугӯ изҳор намуд, ки Димишқ ба ҳеҷ ваҷҳ масоили марбут ба истеъфои Башор Асадро баррасӣ нахоҳад кард.

Дар баррасии масоили марбут ба бӯҳрони Сурия намояндагони тақрибан 40 кишвар, аз ҷумла, Русия ва ИМА ширкат мекунанд. Эрон аз ҳузур дар ин нишаст сарпечӣ намуд ва СММ даъватномаи ба Теҳрон фиристодаашро лағв кард. Теҳрон эълом дошт, ки бо “фаҳмиши умуми”-и принсипҳои ҳалли низоъ дар Сурия розӣ нест.

Интизор меравад, ки охири ҳафта музокирот дар Женева идома ёбад.
XS
SM
MD
LG