Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нав алайҳи эмгузаронҳо дар Покистон


Дар Покистон бар асари таркиши бомбе, ки дар як велосипед гузошта шуда буд, як кӯдак ва шаш корманди полис ба ҳалокат расиданд. Кормандони полис гурӯҳеро, ки ба эмгузаронӣ аз маризии полиомиелит машғул аст, муҳофизат мекард. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаи Чаҳорсада, воқеъ дар манотиқи қабоилнишини шимолу ғарби Покистон рӯй дод, шаш каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Се рӯз боз дар Покистон маъракаи эмгузаронӣ алайҳи полиомиелит идома дорад. Рӯзи сешанбе дар шаҳри Қорчӣ се нафар аз гурӯҳи эмгузарон кушта шуданд.

Соли гузашта ҳангоми маъракаи эмгузаронӣ дасти кам 16 табиб ва кормандони полис ҷон бохтанд. Ҷангҷӯёни гурӯҳҳои ифротгаро ба маъракаи эмгузаронӣ мухолифанд ва мегӯянд, ки ҳадафи Ғарб аз эмгузаронӣ ҷосусӣ ва бесамар кардани кӯдакҳои мусалмон аст.

Рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Балуҷистони Покистон панҷ узви гурӯҳи мусаллаҳи пуштибон аз ҳукумат ҳангоми дифои сайёҳи хориҷӣ аз одамрабоён ба ҳалокат расиданд. Дар ин амалиёт сайёҳ аз Испания маҷрӯҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG