Пайвандҳои дастрасӣ

Дар бархӯрдҳои Киев ду нафар ҷон бохтааст


Бар асари бархӯрдҳои эътирозгарон ва кормандони милиса дар маркази шаҳри Киев ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои хабаргузориҳо, субҳи рӯзи чаҳоршанбе ҷавоне, ки як рӯз пеш чаҳор тир хурда буд, аз олам даргузашт. Аз ин пеш як ҷавони 22-сола аз сутуни 13-метраи варзишгоҳи “Динамо” ба замин сарозер шуд. Аз он ҷо эътирозгарон сӯи кормандони милиса шишаҳо бо маводи сӯхт меандохтанд.

Ҳалокати ду нафар аз эътирозгарон то ҳол расман тайид нашудааст.

Бархӯрдҳо дар пойтахти Украина идома доранд. Шаби гузашта кормандони милиса алайҳи эътирозгарон дар кӯчаи Грушевский аз мошинҳои обпош истифода бурданд. Аз рӯи меъёрҳои байнулмилалӣ, истифода мошинҳои обпош дар ҳавои сард ҳамвазни шиканҷа аст. Шурӯъ аз рӯзи чаҳоршанбе дар Украина татбиқи қонунҳое оғоз ёфт, ки дар онҳо барои ширкат дар намоишҳои эътирозӣ ҷарима ва ҳабс пешбинӣ шудааст.

Ба навиштаи расонаҳо, қарор аст, ки тақрибан 8 ҳазор кормандони милиса ва низомиёни нерӯҳои дохилиро барои парокандасозии эътирозгарон дар Майдони Истиқлол сафарбар шаванд.

Ба иттилои расмӣ, бар асари задухӯрдҳо дар маркази Киев, ки рӯзи 19 январ шурӯъ шуданд, беш аз 200 нафар, аз ҷумла, 35 хабарнигор, ҷароҳат бардоштаанд.

Эътирозҳо бо талаби истеъфои ҳукумати Украина аз моҳи декабри соли гузашта ба ин сӯ идома доранд.
XS
SM
MD
LG