Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Кабирӣ аз шаҳрдорӣ узр пурсидааст?


Вакили дифои Муҳиддин Кабирӣ мегӯянд, ки зерҳимояаш аз шаҳрдории Душанбе узр напурсидааст.

Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 22-юми январ дар вокуниш ба суханони сардори раёсати идораи муҳити зисти Душанбе, ки гӯё раиси ҲНИТ аз шаҳрдорӣ узр пурсида бошад, изҳори бехабарӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки масъулони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон гуфтаанд, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ аз шаҳрдории Душанбе узр пурсидааст.
Сардори сарраёсати идораи муҳити зисти шаҳри Душанбе, рӯзи чоршанбеи 22 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки "баҳси додгоҳӣ, миёни шаҳрдории Душанбе ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ба нафъи ҳукумати пойтахт ҳал шуд ва ҷаноби Кабирӣ низ тасими додгоҳро иҷро кард, яъне узр пурсид."

Раҳбари идораи ҳифзи муҳити зисти пойтахт дар робита ба ин баҳс, ки Муҳиддин Кабирӣ буридани дарахтонро дар шаҳри Душанбе халале ба вазъи зистмуҳитӣ дониста буд, гуфт, ки "дарахтони бузургҷусса ба хотири васеъ кардани роҳу хиёбонҳо ва дар чорчӯби иҷрои нақша ё плани генералии пойтахт бурида шудаанд ва ҷои онҳо ниҳолҳои ороишӣ ва дигар дарахтон шинонида шуданд."

Баҳси шаҳрдорӣ бо Кабирӣ бар сари як суханронии ӯ дар парлумон аст, ки гуфта буд, бо ин дарахтбуриҳои кунунӣ 10 сол пас Душанбе урён мешавад. Шаҳрдорӣ ин суханҳоро таҳқири шаъну эътибори худ хонда, ба додгоҳ шикоят бурд ва пирӯз омад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 30 январи соли гузашта бар асоси шикояти шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев Кабириро муваззаф кард, ки тавассути матбуот аз шаҳрдорӣ узр бипурсад. Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 18-уми апрел ҳукми Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомониро, ки дар он гуфта шуда буд, ки вакили порлумон Муҳиддин Кабирӣ дар назди шаҳрдорӣ узрхоҳӣ кунад, бетағйир гузошт.

Ба дунболи ин шикояти шаҳрдорӣ, Муҳиддин Кабирӣ барои таҳқири ҳайсияташ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон, аз шаҳрдорӣ 20 миллион сомонӣ ҷуброн хост. Ҷаноби Кабирӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омодааст ба шикояти шаҳрдорӣ тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон посух диҳад, вале барои узрпурсӣ асосеро намебинад.
XS
SM
MD
LG