Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силванус Эванс ба «Истиқлол» гузашт


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ба мавсими нави футбол дар урдугоҳи таълимиву варзишӣ таҳти раҳбарии сармураббии нав Мубин Эргашев омодагӣ мебинад.

Тими “Истиқлол”, ки соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон мақоми дувумро касб карда буд, имсол мақсад дорад, ки ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шавад.

Бинобар ин роҳбарияти бошгоҳ тасмим гирифт, ки ҳайати дастаро пурқувват кунад. Чунон ки сомонаи бошгоҳи «Истиқлол» хабар додааст, баъди нимҳимоятгар Дэвид Мауто, легионери африқоӣ аз Гана ва Комил Саидов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, ба “Истиқлол” дарвозабон Силванус Эванс, ки соли гузашта дар ҳайати «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозӣ мекард, қабул шуд.

Силванус Эванс 18-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Аккраи Гана таваллуд шудааст. Қадаш-185 см, вазнаш-75 кг. Ба ҷуз «Вахш» дар дастаҳои «Кинг Соломон» ва «Клагон» (Гана) бозӣ кардааст.

Инчунин бошгоҳи «Истиқлол» бо якчанд бозигар мӯҳлати шартномаро тамдид накард ва бо онҳо хайру хуш намуд. Нимҳимоятгар Иброҳим Рабимов, легионери эронӣ, ҳамлагар Ҳусейни Сӯҳробӣ, беҳтарин голзани мусобиқоти соли гузашта, ҳимоятгар Бенҷамин Авуку аз Гана ва Юҷин Сепуйя, ҳамлагари мунтахаби Уганда, дар айни ҳол дар ҷустуҷӯи бошгоҳҳои нав мебошанд.

Дар ҳайати мураббиёни даста низ баъзе тағйирот ба амал омадааст.
Собиқ дарвозабони мунтахаби миллии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев ёвари сармураббии даста таъин шудааст. Аслиддин Ҳабибуллоеви 42-сола солҳои ахир ёвари сармураббии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа буд. Вай, инчунин, дар дастаи «Истиқлол» вазифаи мураббии дарвозабонҳоро низ ба ӯҳда дорад. Ин вазифаро соли гузашта дар «Истиқлол» Мухтор Қурбонов ба ҷо меовард.
XS
SM
MD
LG