Пайвандҳои дастрасӣ

Хизматрасонии нави хадамоти муҳоҷирати Русия барои муҳоҷирон


Хадамоти муҳоҷирати Русия дар сомонаи худ (http://services.fms.gov.ru/) хизматрасонии махсусеро роҳандозӣ кардааст, ки тавассути он шахсоне, ки ба ин кишвар мехоҳанд раванд бо ворид кардани ному насаб дар бораи мамнуъ будан ё набудани онҳо маълумоти мушахас дода мешавад.

Дар ин бора рӯзи 22-уми январ Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангӯи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хабар дод ва афзуд, ки роҳандозии чунин тарҳ имкон медиҳад, "хориҷиёне, ки исмашон пас аз тарки Русия дар феҳристи афроди мамнуъ барои вуруд ворид шудааст, аз мушкилоти эҳтимолӣ дар марз ҷилавгирӣ кунанд."

Ба гуфтаи Қодирӣ бархе аз муҳоҷирон пас аз муддате кору зиндагӣ дар Русия ба кишвари худ бармегарданд ва дар сурате, ки дар муддати буду бошашон дар Русия қонунеро дар ин кишвар нақз кардаанд, номашон бе он ки ин афрод худ хабар дошта бошанд ба феҳристи афроди мамнуъ барои вуруд изофа мешавад.

Бино ба иттилоъи Хадамоти муҳоҷирати Русия аз аввали сол то ҳоло "бо кӯмаки ин феҳрсит" аз вуруди ҳудуди 400 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар ҷилавгирӣ шудааст.

Дар иттилоияи Хадамоти муҳоҷирати Русия дар бораи роҳандозии хизматрасонии ҷадид барои таъйиди иҷозаи вуруд барои шаҳрвандони хориҷӣ чунин омадааст, "ҳамакнун исми шаҳрванди хориҷие, ки муҳлати иқомати қонунӣ дар кишвари моро (120 рӯз) нақз кардааст, пас аз хуруҷаш аз кишвар ба худии худ ба феҳристи мамнуъ-ул-вурудон ба муддати се сол ворид мешавад."
XS
SM
MD
LG