Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки сафорати Амрико барои ошкор кардани қочоқи силоҳ


Барномаи «Таъмини назорати воридот ва бехатарии марзҳо»-и (EXBS) cафорати ИМА дар Душанбе, маркази таълимии дарсҳои амалиро ба ҳукумати Тоҷикистон ба ҳайси кӯмаки бебозгашт дастрас намудааст. Тавре аз сафорати Амрико ба радиои Озодӣ хабар доданд, маркази мазкур ҳамчун ҷузъи аслии Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Хадамоти гумрук, дар такмили омӯзиши касбии ҳайати гумрук бо шаклу усулҳои пешгирӣ ва зуд ошкор намудани силоҳи қатли ом (СҚО) ва васоити марбут ба он, инчунин силоҳи маъмулӣ кӯмак хоҳад расонд. Ҳамчунин барои пешгирӣ намудани қочоқи маводҳои ғайриқонунӣ ва дигар намудҳои қочоқ, ки марзҳои Тоҷикистонро убур карда метавонанд, беҳтар мегардонад.

Роҳбари ҳайат сафир Сюзан Эллиотт дар маросими расмии буридани лентаи расмӣ дар ифтитоҳи маркази номбаршуда, воқеъ дар дидбонгоҳи «Айнӣ»-и шаҳри Душанбе, ширкат варзид. «Ҳукумати ИМА ва ҳукумати Тоҷикистон дар мубориза бар зидди таҳдиди силоҳи қатли ом ва маводҳои марбута ба он ҳадафи яксон доранд.», гуфтааст сафири Амрико.

Ба гуфтаи манбаъ сафорати ИМА тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳам Хадамоти гумрукро тавассути оҷонсиҳои ИМА бо мақсади таъмин намудани он бо таҷҳизоти замонавӣ, омўзишҳо ва беҳсозии инфрасохтор, дастгирӣ намояд.
XS
SM
MD
LG