Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Миллӣ ба "Биржаи Маскав" шомил шуд


Маросими дохил шудани Бонки миллии Тоҷикистон ба "Биржаи Маскав" рӯзи сешанбе дар шаҳри Маскав сурат гирифт. Масъулони дафтари матбуоти Бонки миллӣ ба Озодӣ гуфтанд, ки дар расми вуруди Бонки миллӣ ба бозори асъори Маскав Ҷамшед Юсуфиён, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон ширкат кард. Ба иттиллои ин манбаъ, ҷаноби Юсуфиён зимни суханронӣ дар ин маросим ҳузури Бонки миллӣ дар "Биржаи Маскав"-ро дар заминаи беҳтар шудани имконот ва сатҳу сифати хидматрасонии амалиётҳои содиротӣ миёни ниҳодҳои бонии кишварҳои узви ин биржа муҳим хонд ва гуфт, ки ин иқдом баъзе мушилотро дар ин замина аз байн мебарад. Бонки миллии Тоҷикистон ба таърихи 26 декабр ба "Биржаи байналмилалии асъори Маскав" пазируфта шуда буд. То ҳол ба ин бозор бонки Эсхатаи Тоҷикистон ва се бонки Беларус ҳам шомил шудаанд.
XS
SM
MD
LG