Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Қазоқистон Котиби давлатӣ барканор шуд


Марат Тажин

Марат Тажин

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон Марат Тажин-Котиби давлатӣ ва Галим Оразбақов-сафири ин кишвар дар Русияро аз мақом барканор кард. Дафтари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон ба матбуот гуфт, ки Марат Тажин ба кори дигар гузаронида шудааст, вале аз тавзеҳоти бештар дар ин бора худдорӣ кардааст. Дар бораи барканории Оразбақов низ ҷузъиёт дода нашудааст.

Бо фармони худ Назарбоев Карим Масимовро, ки то ҳол мақоми раҳбарии дафтари раёсати ҷумҳуриро уҳдадор буд, иҷрокунандаи мақоми Котиби давлатӣ таин кардааст. Масимов солҳои 2007-2012 нахуствазири Қазоқистон буд.

Тажин як соли пеш Котиби давлатӣ таин шуда буд.
XS
SM
MD
LG