Пайвандҳои дастрасӣ

HRW аз вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон интиқод кард


Кеннет Рос-мудири иҷроии Human Rights Watch

Кеннет Рос-мудири иҷроии Human Rights Watch

Гузориши солонаи Human Rights Watch ё Дидбони Ҳуқуқи Башар дар бораи вазъи ҳуқуқи башар дар ҷаҳон ба нашр расид ва дар он гуфта мешавад, ки дар бисёре аз кишварҳо муқаррароти демократӣ риоя нашудаанд. Ин гузориш соли 2013 ва 90 кишварро дар бар мегирад.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки Амрико соли 2013 бо назорати электронӣ бар гуфтугӯҳои хусусӣ намунаи хатарноки барномаҳои назоратиро ба намоиш гузошт. Дар гузориш гуфта мешавад, ки ин намуна метавонад ба ҳукуматҳои дигар ҳам баҳона диҳад ва онҳо назорат бар шабакаҳои интернетиро ҷорӣ кунанд.

Эдвард Сновден-корманди қарордодии Ожонси амнияти Миллии Амрико намунаҳои гӯш додан ба гуфтугӯҳои хусуии одамонро ифшо кард.

Кеннет Рос-мудири иҷроии Human Rights Watch ҳангоми муаррифии ин гузориш гуфт, Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта зимни суханони худ дар бораи мубориза бо фаъолиятҳои назоратӣ ба андозаи кофӣ аз ин раванд интиқод накард.

Дар ин гузориш аз нақзи ҷиддии ҳуқуқи шаҳрвандон дар кишварҳои Осиёи Миёна аз тарафи ҳукуматҳои минтақа изҳори нигаронӣ шудааст ва Human Rights Watch пешниҳод мекунад, ки дар ин кишварҳо дар соли 2014 ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил шаванд.
XS
SM
MD
LG