Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М. Маҳмадаминов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъин шуд


Бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид таъин карда шуд. Дар ин бора рӯзи 21-уми январ аз дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд. Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ин мансаб Сироҷиддин Асловро иваз кард, ки қаблан бо фармони президент Аслов вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуда буд. Маҳмадамин Маҳмадаминов қаблан вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ буд ва бо фармони президент барканор шуда ба ҷои ӯ Сӯмангул Тағоева вазири меҳнат таъин карда шуд.
XS
SM
MD
LG